112 миллиард доллар маҷмуи тиҷорати хориҷии Эрон
Декабр 26, 2023 19:13 Asia/Dushanbe
Вазири умури иқтисодӣ ва дорои Ҷумҳурии Исломии Эрон маҷмуи тиҷорати хориҷии кишварро 112 миллиард доллар арзёбӣ кард.
Гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон гузориши тиҷорати хориҷии моҳонаро бо эҳтисоби омори содироти нефт, барқ ва хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ муҳосиба кард.
Сидэҳсони Хондузӣ вазири умури иқтисоди ва дорои Эрон гуфт: Маҷмуи тиҷорати хориҷии кишвар дар 9 моҳаи имсол 112 миллиард доллар будааст ки нисбат ба 9 моҳи мушобеҳи соли гузашта беш аз 7 дарсад афзоиш нишон медиҳад.
Ба гузориши хабаргузории Садов Симо вазири умури иқтисодӣ ва дорои афзуд: Дар 9 моҳаи 1402 мизони содироти кишвари 15 миллиард доллар беш аз мизони воридот кишвар буда аст .
Барчасп