Оғози ҳамкориҳои бонкии Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
(last modified Wed, 27 Dec 2023 12:55:40 GMT )
Декабр 27, 2023 17:55 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳамкориҳои бонкии Эрону АвруОсиё
    Оғози ҳамкориҳои бонкии Эрону АвруОсиё

Ҳамкориҳои бонкии Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо эҷоди хати эътибории 6. 5 миллиардрублии Русия барои Эрон, оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, пайрави сафари Муҳаммадризо Фарзин, раиси кулли Бонки марказии Ҷумҳурии исломии Эрон ба Русия, барои афзоиши ҳамкориҳои пуливу бонкӣ бо ин кишвар ва ҳамчунин тақвияти муносибот дар чорчӯби тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Эрону Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, нишасте миёни мудирони “Сбербанк”-и Русия ва Бонки Миллии Эрон баргузор шуд.

Оғози ҳамкориҳои бонкии Эрону АвруОсиё

 

Дар ин ҷаласа, ки раиси кулли бонки марказӣ низ ҳузур дошт, мудирони “Сбербанк”-и Русия ва Бонки Миллии Эрон кушоиши хати эътибории 6. 5 миллиардрублӣ миёни Эрону Русияро мавриди таъкид қарор доданд.

Ин хати эътиборӣ қарор аст аз тариқи “Сбербанк”-и Русия ва Бонки Миллии Эрон ҷиҳати таъмини молии воридоти колоҳои асосӣ ва мавриди ниёзи Эрон анҷом шавад.

Хати эътибории 6. 5 миллиард рублӣ, пайрави тавофуқот ва қарордодҳои басташудаи коргузорӣ миёни ду бонк ба сурати ҳаддиақалӣ ва ба унвони шурӯи амалиёти бонкӣ аст.

Гуфтанӣ аст, тавсеаи равобити пуливу бонкӣ байни Эрону Русия ба таъкиди руасои ҷумҳурии ду кишвар анҷом шуд, ки зарурате иҷтинобнопазиру муқаддимаву зерсохти тавсеаи тиҷорати фимобайн аст.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа Фарзин бо таъкид бар сармоягузории муштарак дар пружаҳои Эрону Русия, густариши зарфиятҳои иқтисодии тарафайнро хостор шуд.