Декабр 30, 2023 10:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳамосаи 9 дай; Рӯзи басират ва мисоқ(паймон)и уммат бо Вилоят

Имрӯз (шанбе) 30 декабр мусодиф аст бо солрузи ҳузури ошуроии мардуми ҳамосасоз ва вилоятмдори Эрон дар роҳпаймоии 9 дай соли 1388 ҳиҷри шамсӣ, ки нуқтаи сарнавиштсозе дар таърихи инқилоб ва барги заррини дигаре дар ифтихороти мардуми Эрони исломӣ маҳсуб мешавад.

Ин рӯз ёдовари роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар эъломи бароъат аз сохторшиканони ҷомеа ва посухи қотеъ ба унсурҳои фитнагаре буд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар даҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, масири бероҳаро дар пеш гирифта буданд.

Ҳамосаи 9 дай, намоди иззат, истиқлол ва басирати мардуме аст, ки то пойи ҷон барои ҳифзи усули ислом ва ормонҳои инқилоб истодаанд ва бо садои расо эълом карданд, агар душман дар баробари дин онҳо биистад, дар баробари тамоми дунёи онҳо хоҳанд истод.

 Нӯҳуми дай дар таърихи Инқилоби исломӣ бо унвон рӯзи "бсирт" табдил ба явмуллоҳ ва мондагор шуд; Дар ин рӯзи мондагор ва таърихӣ миллати ҳамеша дар саҳнаи Эрони исломӣ, ҳамосаи дигар офарид ва душманони Худо ва динашро маъюс ва ноумед сохт ва қалби Имоми Замон (аҷ) ва ноиби бар ҳаққаш ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ (домат баракотуҳ)-ро шод кард.

 Нӯҳуми дай, рӯзи ғалабаи ҷунуди илоҳӣ бар ҷунуди шайтон аст; Рӯзи хурӯши миллати Эрон ва ошкор сохтани хашми муқаддас дар баробари иҳонатҳо ва ҳурматшиканиҳои иддае ғофил ва муздури вобаста ба аҷониб нисбат ба муқаддасот дар рӯзи Ошурои ҳусайнӣ (а) аст.

 Мардуми Эрон дар ин рӯз тири халосро ба сарони фитна шиллик ва пушти пайкари номубораки фитнаро ба хок молиданд.

Дар рӯзи нӯҳуми даймоҳи 1388 ҳиҷрӣ- шамсӣ, машрӯъияти сиёсии низоми исломии Эрон бори дигар бо ҳузури худҷӯши даҳҳо миллион мардум дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрони исломи ба ҷаҳониён эълом шуд.

 

Барчасп