Декабр 30, 2023 10:35 Asia/Dushanbe
  • Сардор Қоонӣ: Ҳунари режими саҳюнистӣ ва Амрико, куштани занон ва кӯдакони бегуноҳ аст

Сардор Исмоили Қоонӣ-фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо тарҳи ин савол, ки режими саҳюнистӣ ва Амрико аз ибтидои ҷанг то кунун чӣ дастовардҳое доштанд? гуфт: Ҳунари онҳо фақат куштани занон ва кӯдакони бегуноҳ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шомгоҳи ҷумъа дар оини бузургдошти шаҳид Ҳусайни Пурҷаъфарӣ хитоб ба амрикоиҳо гуфт: Агар ба рафторҳои ғайримантиқии худ дар Ироқ идома диҳед, муқовимати Ироқ мулоҳизоти худро канор гузошта ва ба Шумо посухи дигаре хоҳад дод.

 Сардор Қоонӣ ҳамчунин хитоб ба сардамдорони режими саҳюнистӣ таъкид кард: Шумо шаҳид Разӣ Мусавиро террор мекунед, зеро натавонистед дар майдони ҷанги Ғазза чизе ба даст оваред ва Эрон ба нақшаҳои Шумо кашида намешавад.

 Вай дар идома бо баёни инки имрӯз муқовимат дар саросари минтақа ҳар кадом сохтори мустақил ва муносиби худро доранд, изҳор дошт: Гурӯҳҳои муқовимат марҳила ба марҳила рушд карданд ва имрӯз тамоми аркони ҷабҳаи муқовимат дар сатҳи минтақаи худашон соҳиби тасмим ва ташхис ҳастанд.

 Сардор Қоонӣ идома дод: Дар ҳамин давра муқовимати Фаластин бо тадбири худаш ва барномае, ки танзим карда буд корро шурӯъ кард ва барои аввалин бор дар ин мараҳила ба далели ҷиноёти густурдае, ки режим саҳюнистӣ алайҳи мардуми мусулмони Фаластин анҷом доданд худашон тадбир карданд ва марҳила ба марҳила ҳама корҳое, ки худашон карданд бо барнома ва тадбир ва чи қадар зебо анҷом доданд.

 

 

Барчасп