Ҷоизаи вижаи ҷашнвораи «Шашмақом»-и Тоҷикистон барои гуруҳи «Ҳаннона»-и Эрон
-
Гуруҳи мусиқии «Ҳаннона» аз Эрон дар ҷашнвораи байналмилалии «Шашмақом»-и Тоҷикистон
Гуруҳи мусиқии «Ҳаннона» бо ҳузур дар ҷашнвораи байналмилалии «Шашмақом»-и кишвари Тоҷикистон, ба иҷрои қатаоте аз мусиқии радифи дастгоҳии Эрон пардохт ва тавонист ҷоизаи вижаи ин рӯйдодро низ дарёфт кунад.
Комрони Ҳимматпур, оҳангсоз, пажӯҳишгар ва навозандаи мусиқии эронӣ гуфт: Бар асоси барномарезиҳое, ки аз қабл анҷом гирифта буд, гуруҳи «Ҳаннона» тайи рӯзҳои бистудувум то биступанҷуми урдибиҳишти соли ҷории шамсӣ (11 то 14 май) дар фестивали байналмилалии «Шашмақом»-и кишвари Тоҷикистон ҳузур пайдо кард.
Дар ин рӯйдод, ки бо шиори «Чашмандози тавсеаи мусиқии суннатии мардуми Ховари Миёна дар шароити ҷаҳонӣ шудан» пеши рӯи мухотабон қарор гирифт, гуруҳҳову коршиносоне аз кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон ва Эрон ҳузур доштанд.
Ҳимматпур афзуд, ҳузури гуруҳи мусиқии «Ҳаннона» дар Тоҷикистон ба воситаи даъвати Муассисаи давлатии фарҳангу ҳунари Тоҷикистон, ҳамоҳангии Созмони фарҳангу иртибототи исломӣ ва Сафорати Эрон дар Тоҷикистон анҷом гирифтааст.