Май 17, 2024 19:00 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва СБП
    Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва СБП

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонум Кристалина Георгиева, раиси Сандуқи Байналмилалии Пул дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор масоили ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои ин дидор аз кумаки СБП дар тавсеаи пойдори иҷтимоӣ - иқтисодии кишвар қадрдонӣ кард.

Тарафайн дар хусуси ҳамкорӣ дар заминаҳои иртиқои ислоҳоти иқтисодӣ, ҳифзи суботи иқтисодӣ, ҳимоят аз тавозуни пардохтҳо, тазмини суботи манобеи байналмилалӣ ва иртиқои сатҳи зиндагии мардум табодули назар карданд.

Роҳҳои муқовимсозии иқтисоди Тоҷикистон дар баробари асароти манфии авомили хориҷӣ, аз ҷумла шиддати хатароти геополитикӣ, нооромиҳои минтақаӣ ва паёмадҳои тағйироти иқлимӣ аз ҷумлаи мавзӯоти муҳими ин дидор буд.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди густариши ҳамкорӣ бо шуракои тавсеа дар заминаҳои судовари саноеъ, кишоварзӣ, энержӣ ва тақвияти манобеи инсонӣ гуфтугӯ карданд.

 

Барчасп