Декабр 30, 2023 17:32 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳур: Дар рӯзи басират

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, дар рӯзи басират "нуҳуми дай" мардум ба ҷараёни фитна хотима доданд.

Имрӯз (шанбе) 30 декабр мусодиф аст, бо солрӯзи ҳузури ошӯроии мардуми ҳамосасоз ва вилоятмадори Эрон дар роҳпаймоии 9 дайи соли 1388 ҳиҷрии шамсӣ, ки нуқтаи атфе дар таърихи инқилобу барги заррини дигаре дар ифтихороти мардуми Эрони исломӣ маҳсӯб мешавад.

Нуҳуми дайи соли 1388 (30 декабри 2009) ёдовари роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар эъломи бароъат аз сохторшиканони ҷомеъа ва посухе қотеъ ба аносури фитнагаре буд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар даҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, масири бероҳаро дар пеш гирифта буданд.

Ҳамосаи 9 дай, намоди иззат, истиқлолу басирати мардуме аст, ки то пои ҷон барои ҳифзи усӯли ислом ва ормонҳои инқилоб истодаанд ва бо садои расо эълом карданд, агар душман дар баробари дини онҳо биистад дар баробари тамоми дунёи онҳо хоҳанд истод.

Нуҳуми дай дар таърихи Инқилоби Исломӣ бо унвони рӯзи "басират" табдил ба явмуллоҳ ва мондагор шуд. Дар ин рӯзи мондагору таърихӣ миллати ҳамеша дар саҳнаи Эрони исломӣ, ҳамосае дигар офариду душманони Худо ва динашро маъюс ва ноумед сохту қалби имом Маҳдӣ (а) ва нойиби бар ҳақаш ҳазрати оятуаллоҳ хоманаиро шод кард.

Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон имрӯз (шанбе) бо баёни инки бо басират, ҷараёни маонид комилан ба ҳошия ронда хоҳад шуд, гуфт, дар рӯзи басират ҳақиқатан мардум нишон доданд, фитнаро хуб шинохтанду ғуборро канор заданд ва ба табаъият аз раҳбари фарзона ба саҳна омаданд ва ба сӯрати худҷӯш эъломи мавзеъ карданд ва ҷараёни фитнаро дар рӯзи нуҳуми дай хотима доданд.

Раисӣ имрӯз дар сеюмин Конгресси бузургдошти устоди фикр Аллома Мисбоҳи Яздӣ, афзуд, дифои мантиқӣ ва ақлонӣ аз боварҳои динӣ ва муқобила бо инҳирофоти фикрӣ ва ақидатӣ нуктаи меҳварӣ аст, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи ҳамаи соҳибони андеша ва хирад бошад.

 

Барчасп