Таъкиди вазири неруи Эрон бар афзоиши мубодилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон
-
Таъкиди вазири неруи Эрон бар афзоиши мубодилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон
Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар боздид аз сад ва неругоҳи барқи обӣ "Роғун"-и Тоҷикистон бар афзоиши мубодилоти тиҷории дукишвар таъкид кард.
Неругоҳи Роғуни Тоҷикистони баландтарин сади ҷаҳон бо гунҷоиши 14 миллиард метримукаъаб захира об аст ки 6 воҳиди неругоҳ ҳар кадом ба зарфияти 600 мегават дорад.
Ба гузориши ИРНА, Алиакбари Меҳробён вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни боздид аз сад ва неругоҳи Роғуни Тоҷикистон ки бахшҳои аз ин тарҳи бузург тавассути паймонкорони эронӣ дар ҳоли сохт аст гуфт: Теҳрон дар талошаст то ҳаҷми мубодилот бо кишварҳои дуст ҳамонанди Тоҷикистонро афзоиш диҳад.
Вазири неруии Эрон бо ишора ба ин ки дар иҷрои сади Роғун, паймонкорони эронӣ нақш фаъоли доштаанд афзуд: Ботаваҷҷуҳ ба истимрори фароянди сохт ва такмили ин тарҳ ҳамчунон аз хадамоти ширкатҳои фанни муҳандисии эронӣ истифода мешавад.
Меҳробён дар бахши даигари аз суханонаш ба баргузарии шонздаҳумин камисяи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон ишора карду гуфт: Кишвари дуст ва ҳам забони Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳими Осиё Марказӣ аст ва дар ҷараёни шонздаҳумин камисяи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории байни ду кишвар дар ростои тақвияти сатҳи ҳамкории ширкатҳои эронӣ музокирот бисёр хуби анҷом шуд.
Вазири неруии Эрон ҳамчунин ба дидори бо Қоҳир Расулзода сарвазири вазири Тоҷикистон ишора карду гуфт: Музокирот бисёр хуби барои афзоиши сатҳи муносибот ба вижа дар иртибот бо фаъолияти ширкатҳои эронӣ дар неругоҳ ва сади Роғун матраҳ шуд.
Дар шонздаҳумин иҷлоси камисяи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фанни ва санъатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз 26 то 29 декабр дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд ду санади ҳамкорӣ ба имзои раисони камисяи ду кишвар расид.