Январ 02, 2017 18:04 Asia/Dushanbe

Бо оғози соли 2017, шаҳри Машҳад дар шимолу шарқи Эрон ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом муаррифӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии вобаста ба Созмони ҳамкории исломӣ (ISESCO) бо узвияти 57 кишвари исломӣ, калоншаҳри мазҳабии Машҳадро барои соли 2017 ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар Осиё интихоб кардааст. 

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар маросими муаррифии Машҳад ба унвони пойтахти фарҳанги исломӣ гуфт, оғози “руйдоди Машҳад 2017” ҳаракати бузург барои густариши фарҳанги Разавӣ дар саросари ҷаҳон аст.

Ризо Солеҳии Амирӣ, Вазири фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи рӯнамоӣ аз намоди “Машҳад 2017” дар ҷамъи хабарнигорон дар ин шаҳр афзуд, интихоби Машҳад ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар сол 2017, ҳаракат ва зарфияти азиме барои шиносондани ин калоншаҳр ба ҷаҳон аст.

Аз соли 2006 ҳамасола се кишвар аз ҳавзаи кишварҳои африқоӣ, исломӣ ва исломии ғайриарабӣ ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом муаррифӣ мешаванд.

Гузоришгар: Маҳдии Раҳнамо

 

Барчасп