Январ 04, 2024 10:55 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҷинояти террористии гулзори шуҳадои Кирмон аз суи Боррел
    Маҳкумияти ҷинояти террористии гулзори шуҳадои Кирмон аз суи Боррел

Ҷозеф Боррел масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо шомгоҳи чаҳоршанбе дар гуфтугуи телефони бо Ҳусейн Амирабдуллоҳён вазири умури хориҷаи Эрон ҷинояти террористии гулзори шуҳадои Кирмонро ба шиддат маҳкум кард.

Асри чаҳоршанбе дар маросими солрузи шаҳодати генерали шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондиҳи пешини неруии Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дар масири мунтаҳи ба гулзори шуҳадои Кирмон дар ҷануби Эрон ду инфиҷори террористӣ дар миёни зоирони ин маросим руй дод ки мунҷар ба шаҳодати 103 нафар ва маҷруҳ шудани 211 нафар шуд.

Сарон ва мақомоти аршад бисёри аз кишварҳо дар паёмҳои зимни таслияти шаҳодати ҷамъӣ аз ҳамватанони Эрон ин иқдоми террористиро маҳкум карданд.

Дар пайи ҷинояти террористии гулзори шуҳадои Кирмон ، ҳайати давлати Эрон имруз панҷшанберо азои умуми эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҷозеф Боррел дар ин тамос зимни таслият ба хониводаи қурбониён ва ҳамчунин давлат ва миллати Эрон шифои маҷруҳинро орзу кард.

Ҳусейн Амирабдуллоҳён низ бо ишора ба зарурати муқобилаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо шаклҳои мухталифи тероризм аз ибрози ҳамдардии намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар ин хусус ташаккур кард.

Дар ин гуфтугу дар хусуси охирин таҳаввулоти минтақа аз ҷумлаи Ғазза баҳсу табодул назар шуд.

Пештар низ Антонио Гутерриш дабирикули Созмони Милал ҳамлаи террористи дар Кирмони Эронро башиддат маҳкум кард ва ба давлат ва миллати Эрон таслият гуфт.

Фелурнесё Сутунину, муовини сухангуи Созмони Милал дар ҷамъи хабарнигорони афзуд: Дабирикули Созмони Милал ҳамла ба маросими ёдбуд дар шаҳри Кирмон дар Ҷумҳурии Исломии Эронро ки бар асоси гузоришҳо беш аз 100 кушта ва теъдоди зиёдии захмӣ барҷоӣ гузошт ба шиддат маҳкум мекунад.

Ин сухангуи Созмони Милал таъкид кард: Дабири кули Созмони Милали Муттаҳид хостори посухгушудани масъулони ин ҳамла шуд.

Вай идома дод: Дабири кули Созмони Милал ба хониводаҳои доғдор ва мардум ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрони амиқан таслият мегуяд ва барои маҷруҳон орзуи беҳбуди дорад.

Иттиҳодияи Аврупо ҳам бо судури баёнияӣ инфиҷори маргбор дар гулзори шуҳадои Кирмонро ба шиддат маҳкум ва тасреҳ кард ки омилони ин руйдоди террористӣ бояд посухгу бошанд.

 

Бештар бихонед :

Барчасп