Январ 02, 2017 18:56 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари инқилоб бар ҳамроҳии илм бо ормонҳои маънавӣ ва инқилобӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, ҳамроҳии пешрафти илмии як миллат ва кишвар бо ормонҳои волои маънавӣ ва инқилобӣ, заминасози улгӯ шудани он кишвар барои минтақа ва дунёи Ислом ва ҷаҳон хоҳад буд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ, субҳи имрӯз (душанбе) дар дидори ҷамъе аз нухбагон ва медаловарони илмии Донишгоҳи санъати Шарифи Теҳрон, афзуданд, далели фосилаҳо, камбудиҳо ва сустиҳои кунунии бунёни тамаддуни Ғарб бо вуҷуди пешрафтҳои фаровони модии он, набуди маънавиёт ва ормонҳои илоҳӣ аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд, бархе аз мутафаккирон ва андешамандони амрикоӣ бо сароҳат ба инҳирофҳои гуногуни фикрӣ, амалӣ ва ахлоқӣ, муталошӣ шудани бунёни хонавода, хушунати рӯзафзун, фасоди ахлоқӣ ва худкушиҳо дар ҷомеаҳои ғарбӣ бавижа Амрико эътироф мекунанд.

Эшон бо ишора ба хушунатҳои рӯзафзун дар ҷомеаи Амрико ва куштор ба василиа силоҳ афзуданд, одамкушӣ ва ривоҷи аслиҳа дар Амрико ба як мушкили ҷиддӣ табдил шуда, ки илоҷи он, таваққуфи истифода аз силоҳ дар миёни мардум аст, аммо ба далели султаи мафияи компониҳои аслиҳасозӣ дар Амрико, ҳайати ҳокимаи ин кишвар ҷуръати ғайриқонунӣ кардани истифода аз силоҳро надорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар айни ҳол далели пешрафтҳои илмӣ ва санъатии Амрико дар садупанҷоҳ соли гузаштаро бакоргирии иқтисоди муқоваматӣ донистанд ва тасреҳ карданд, албатта амрикоиҳо ин андешаро дар ҷиҳати моддигирӣ ва пул бакор гирифтанд, аммо ҳамин таҷрибаи пазируфта шудаи ҷаҳониро метавон бо ҷиҳатгирии мутаолитаре бакор гирифт.

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ ҳамчунин таъкид карданд, бо таваҷҷуҳ ба фарогир шудани гуфтумони тавлиди илм ва падидор шудани натоиҷи амалии он, талош ва ҳаракати илмӣ дар Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд кунд ё мутаваққиф шавад, балки бояд бо шитоби бештаре идома ёбад.