Гузориши хабарӣ - Идомаи маҳкумияти ҷаҳонии инфиҷори террористии Кирмон
(last modified Thu, 04 Jan 2024 12:52:06 GMT )
Январ 04, 2024 17:52 Asia/Dushanbe
  • Гузориши хабарӣ - Идомаи маҳкумияти ҷаҳонии инфиҷори террористии Кирмон

Вуқуъи инфиҷорҳои террористӣ ҳини баргузории маросими солгарди шаҳодати сардор сарлашкар Қосими Сулаймонӣ дар Гулзори шуҳадои Кирмон, вокунишҳои ҷомеъаи байналмилал ва кишварҳои мухталифи ҷаҳонро дар пай доштааст.

Асри дирӯз чаҳоршанбе (сеюм январ) дар маросими чаҳорумин солгарди сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дар масири мунтаҳӣ ба Гулзори шуҳадои Кирмон (ҷануби Эрон), ду инфиҷори террористӣ дар миёни зоирони ин маросим рӯй дод, ки бар асари он,95 нафар шаҳид ва 211 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба дунболи ин инфиҷори террористӣ ҳайати давлати Эрон имрӯз панҷшанберо азои умумӣ эълом кард.

Дар ҳамин росто низ сарону мақомоти аршади кишварҳо дар паёмҳое зимни таслияти шаҳодати ҷамъе аз ҳамватанони эронӣ ин иқдоми террористиро маҳкӯм карданд.

Ба гузориши ИРНА, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал, Иттиҳодияи Аврупо, ниҳодҳои байналмилалӣ, маҳофили сиёсӣ, мақомоту раҳбарони мазҳабӣ ва сиёсӣ, коршиносону таҳлилгарон, расонаҳои мухталифи кишварҳои ғарбӣ, арабӣ ва исломӣ, кишварҳои осиёӣ ба таври расмӣ ва интишори баёния, ин ҳодисаи террористиро маҳкӯм карда ва бо миллати Эрон ибрози ҳамдарӣ карданд.

Антониу Гутерриш зимни арзи таслият ба мардуми Эрон, хостори посухгӯ шудани масъулони ин ҳамла шуд.

Иттиҳодияи Аврупо ҳам бо судӯри баёнияе, инфиҷори маргбор дар Гулзори шуҳадои Кирмонро маҳкӯм ва тасреҳ кард, омилони ин ҷинояти террористӣ бояд посухгӯ бошанд.

Бисёре аз раҳбарону мақомоту шахсиятҳои мухталифи ҷаҳон низ ба ин ҳодисаи террористӣ вокуниш нишон дода ва онро ба шиддат маҳкӯм кардаанд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ва ҳамчунин вазорати умури хориҷаи ин кишвар ҳамлаи террористӣ дар Кирмонро маҳкум карда ва ба давлату миллати Эрон таслият гуфтанд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ дар баёнияе зимни маҳкӯмияти ҳамлаи террористии Гулзори шуҳадои Кирмон, шаҳодати ҷамъе аз шаҳрвандони эрониро ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таслият гуфт.

Ҳоланду Италия низ бо судӯри баёнияҳои ҷудогона инфиҷорҳои террористӣ дар Кирмонро маҳкӯм ва бо мардуми Эрон эъломи ҳамбастагӣ карданд. Вазорати умури хориҷаи Ҳоланд бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” афзуд, омори болои куштаҳо ва маҷрӯҳон дар Эрон амиқан ғамангез донист.

Эдмондо Чириелли, муовини вазири умури хориҷаи Италия ҳам дар баёнияе бо хонаводаҳои қурбониёну миллати Эрон эъломи ҳамбастагӣ кард.

Майкл Мартин, вазири умури хориҷаи Ирландия низ инфиҷори маргбору террористӣ дар Кирмонро «ҳамлаи кӯркӯрона» хонд ва зимни маҳкӯмияти ин ҷиноят гуфт, тероризму хушунат ҳаргиз қобили тавҷеҳ нест.

Анворулҳақ Кокар, Ҷалил Аббоси Ҷилонӣ, Роҷо Парвиз Ашраф, нахуствазир, вазири умури хориҷа, раиси Маҷлиси миллии Покистону сафири ин кишвар дар Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар паёмҳое инфиҷорҳои террористии Кирмонро маҳкӯм ва бо давлату миллати Эрон ибрози ҳамбастагӣ карданд.

Давлати Никарагуа ҳам ин ҷинояти террористиро маҳкӯм кард.

Мигел Диас Канел, раиси Ҷумҳурии Куба низ дар паёме ин ҷинояти террористиро маҳкӯм кард.

Иван Хил, вазири умури хориҷаи Венесуэла ҳамчунин бо интишори баёнияе бо миллату давлати Эрону хонаводаҳои қурбониёни ибрози ҳамбастагӣ карду муҷозоти қонӯнии мусаббибони ин ҳодисаи террористиро хостор шуд.

Вазорати умӯри хориҷаи Арабистон низ дар баёнияи расмӣ эълом кард, Риёз мухолифати худро бо инфиҷорҳои террористӣ алайҳи ғайринизомиён дар Ҷумҳурии Исломии Эронро эълом ва ин ҷинояти террористиро маҳкӯм мекунад.

Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнони ҳам дар суханоне ин инфиҷори террористиро маҳкӯм кард.

Вазорати хориҷаи Қатар низ дар пайи ин ҳодисаи террористӣ баёнияе содир ва эълом кард, мавзеи давлати Қатар мухолифати комил бо хушунат, терроризм ва иқдомоти муҷримона сарфи назар аз ангезаҳо ва далоили он аст

Дар ҳамин ҳол, давлати Ироқ бо интишори баёнияе эълом кард, давлати Бағдод инфиҷорҳои террористӣ дар Эронро маҳкӯм карда аа ҳамбастагии худро бо давлату миллати Эрон эълом мекунад.

Пеш аз ин низ Сйидаммор Ҳаким, раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ иқдоми террористӣ дар Гулзори шуҳадои Кирмони Эронро, ки даҳҳо қурбонии ғайри низомӣ дар пай дошта ба шиддат маҳкӯм ва тақбеҳ кард.

Вазорати умури хориҷаи Умон низ ин ду инфиҷори террористӣ дар Гулзори шуҳадои Кирмонро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишвари дӯсту қурбониёни ин ҳодиса таслият гуфт ва барои маҷрӯҳони он орзӯӣ беҳбудӣ кард.

Ҳамчунин вазорати умури хориҷаи Баҳрайн дар баёнияе зимни маҳкӯм кардани ин инфиҷорҳои террористӣ, шаҳодати ҷамъе аз шаҳрвандони эрониро таслият гуфт.

Гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ, аз ҷумла Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ ҳам зимни маҳкӯм кардан ин инфиҷорҳои террористӣ эълом карданд, ҳар гуна иқдоми террористӣ, ки ғайринизомиёнро ҳадаф қарор диҳаду мӯҷиби барҳам задани амнияту суботи Ҷумҳурии Исломии Эрон шавад, дар ростои хизмат ба тарҳҳои шуми душмани саҳюнистӣ аст.

 

Бештар бихонед: