ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористии Кирмонро бар уҳда гирифт
Гурӯҳаки террористии ДИИШ дар баёнияе масъулияти инфиҷорҳои террористии Гулзори шуҳадои Кирмон дар ҷануби Эронро бар уҳда гирифт.
Асри рӯзи чаҳоршанбе (сеюми январ) дар маросими чаҳорумин солгарди сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва дар масири мунтаҳӣ ба Гулзори шуҳадои Кирмон, ҷануби Эрон, ду инфиҷори террористӣ дар миёни зоирони ин маросим рӯй дод, ки бар асари он 84 нафар шаҳид ва 284 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Дар ҳамин росто ва ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, гурӯҳаки террористии ДИИШ имрӯз - ҷумъа бо судури баёнияе масъулияти ин ҷиноят дар Кирмонро бар уҳда гирифт.
Гурӯҳаки террористии ДИИШ дар баёнияи худ навишт: “Дар бахше аз ғазва “ва ҳар куҷо ёфтед бикушед» беш аз 300 нафар аз шиаён дар 2 амалиёти интиҳорӣ дар Эрон кушта ва захмӣ шуданд. Дирӯз ду бародар Умар Алмуваҳҳид ва Сайфуллоҳ Муҷоҳид ба сӯи таҷаммуи бузурги шиаён дар канори мазори раҳбари кушташудаи худ Қосими Сулаймонӣ дар шаҳри Кирмон, дар ҷануби Эрон рафтаву камарбандҳои инфиҷории худро дар миёни ҷамъият мунфаҷир карданд, ки беш аз 300 нафар аз шиаёнро кушта ё захмӣ кард”.
Шабакаи “Аъмоқ” (хабаргузории гуруҳаки террористии ДИИШ) тасвире аз 2 омили интиҳории инфиҷор дар Кирмон, пеш аз анҷоми амалиётро мунташир кард.