Баргузории маросими ташйиъ ва тадфини пайкари шуҳадои ҳодисаи террористии Кирмон
Январ 05, 2024 21:34 Asia/Dushanbe
Маросими ҷанозаи пайкари шуҳадои ҳодисаи террористии Кирмон бо ҳузури пуршӯри мардум, ҷамъе аз масъулон ва хонаводаҳои ин шуҳадо баргузор шуд.
Сардор Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар маросими ташйиъи пайкари шуҳадои Кирмон гуфт: Ба фазли илоҳӣ интиқоми ҳамаи шаҳидонамон гирифта хоҳад шуд. Интиқоми ин шаҳидон қабл аз шаҳодат аз душман гирифта шудааст.
Иброҳими Раисӣ рӯзи ҷумъа дар ойини ташйиъи шуҳадои инфиҷорҳои террористии Кирмон дар мусаллои имом Алӣ (а) –и ин шаҳр гуфт: Душман қудрати ҷумҳурии исломиро дидаву борҳо таҷриба кардааст ва дар қазоёи ахир ҳам итминон медиҳам, ки ҳамвора душман қудрати ҷумҳурии исломиро хоҳад дид.
Барчасп