Имом Хоманаӣ чӣ гуна раҳбари инқилоби исломӣ шуданд? + Аксҳо
(last modified Sat, 07 Jun 2025 12:56:18 GMT )
Июн 07, 2025 17:56 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Хоманаӣ
    Оятуллоҳ Хоманаӣ

Порс-Тудей. 14 хурдодмоҳи 1368 –и ҳиҷрии шамсӣ дар Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ оятуллоҳ Хоманаӣ, раиси ҷумҳури вақти Эрон бо раъйи аксарияти аъзои хибрагон ба раҳбарии низоми исломӣ интихоб шуданд.

Баъд аз интишори хабари иртиҳоли имом Хумайнӣ, аъзои Маҷлиси хибрагони раҳбарии Эрон, ки вазифаи интихоби раҳбарро бар уҳда доранд, ба Теҳрон фаро хонда шуданд. Дар ҷаласаи субҳи 14 хурдодмоҳи 1368 васиятномаи имом Хумайнӣ, ки ба хибрагон амонат супурда шуда буд, тавассути оятуллоҳ Хоманаӣ қироат шуд ва дар ҷаласаи аср суҳбат бар сари интихоби як нафар барои раҳбарии низоми исломӣ буд. Дар ин ҷаласа оятуллоҳ Хоманаӣ бо раъйи ҳудуди 60 нафар аз 74 узви ҳозир дар хибрагон ба раҳбарӣ интихоб шуданд.

Дар ин матлаб аз Порс-Тудей, нигоҳе ба зиндагонӣ ва чигунагии интихоби имом Хоманаӣ ба унвони раҳбари инқилоби исломӣ андохта шуд.   

 

Таваллуд

Ҳазрати оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, фарзанди марҳум ҳуҷҷатулислом вал муслимин Ҳоҷи Сайид Ҷаводи Ҳусайнии Хоманаӣ дар рӯзи 29 фарвардини 1318 дар Машҳади муқаддас ба дунё омаданд. Эшон дувумин писари хонавода ҳастанд.

Раҳбари инқилоб дар якуним солагӣ

 

Ҳавзаҳои илмия

Эшон аз мадраса вориди ҳавзаи илмия шуданд ва назди падару дигар устодони вақт адабиёт ва муқаддамотро хонданд. Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки аз 18 солагӣ дар Машҳад дарси хориҷи фиқҳ ва усулро шуруъ карда буданд, дар соли 1336 ба қасди зиёрати атаботи олиёт озими Наҷафи Ашраф шуданд ва бо мушоҳидаву ширкат дар дарсҳои хориҷи муҷтаҳидони бузурги ҳавзаи Наҷаф, авзои дарсу тадрис ва таҳқиқи он ҳавзаи илмияро писандиданд ва падарашонро аз қасди худ огоҳ сохтанд. Вале падар мувофиқат накард. Пас аз муддате эшон ба Машҳад бозгаштанд. Оятуллоҳ Хоманаӣ аз соли 1337 то 1343 дар ҳавзаи илмияи Қум ба таҳсилоти олӣ дар фиқҳ ва усулу фалсафа машғул шуданд. Дар соли 1343 аз мукотиботе, ки Раҳбари инқилоб бо падарашон доштанд, мутаваҷҷеҳ шуданд, ки як чашми падар ба иллати оби марворид нобино шудааст. Бисёр ғамгин шуданд ва байни мондан дар Қум ва идомаи таҳсил дар ҳавзаи азими он ва рафтан ба Машҳаду мувозибат аз падар дар тардид монданд. Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ин натиҷа расиданд, ки аз Қум ба Машҳад ҳиҷрат кунанд ва аз падарашон мувозибат намоянд.

Даврони навҷавонии Раҳбари инқилоб

 

Издивоҷ

Эшон дар авоили поизи 1343 бо дӯшиза Хуҷаста издивоҷ карданд, ки ҳосили ин издивоҷ 6 фарзанд (ду духтар ва чаҳор писар) аст.

Раҳбари инқилоб дар канори фарзандони писари худ

 

Муборизоти сиёсӣ

Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки ба гуфтаи хеш аз шогирдони фиқҳӣ, усулӣ, сиёсӣ ва инқилобии имом Хумайнӣ (раҳ) ҳастанд, аз соли 1341 дар ҳимоят аз ҳаракати инқилобӣ ва эътирозомези имом Хумайнӣ алайҳи сиёсатҳои зиддиисломӣ ва амрикописанди Муҳаммадризошоҳи Паҳлавӣ вориди майдони муборизоти сиёсӣ шуданд ва шонздаҳ соли тамом бо вуҷуди фарозу нишебҳои фаровон ва шиканҷаҳо, табъидҳо ва зиндонҳо мубориза карданд ва дар ин масир аз ҳеч хатаре натарсиданд. Оятуллоҳ Хоманаӣ дар масири мубориза бо режими паҳлавӣ 6 бор боздошт шуданд, ки дар ҳар кадом аз ин боздоштҳо шиканҷа шуданд.

 

Табъид

Режими ҷинояткори Паҳлавӣ дар авохири соли 1356 оятқллоҳ Хоманаиро боздошт ва барои муддати се сол ба Эроншаҳр, дар ҷануби шарқи Эрон табъид кард. Дар миёнаҳои соли 1357 бо авҷгирии муборизоти умуми мардуми мусалмон ва инқилобии Эрон, эшон аз табъидгоҳ озод шуда ва ба Машҳади муқаддас бозгаштанд ва дар суфуфи муқаддами муборизоти мардумӣ алайҳи режими Паҳлавӣ қарор гирифтанд ва пас аз солҳо муборизаи мардона ва муҷоҳидату муқовимат дар роҳи Худо ва таҳаммули он ҳама сахтиву талхӣ, самараи ширини қиём ва муқовимату мубориза, яъне пирӯзии инқилоби кабири исломии Эрон ва суқути хиффатбори ҳукумати саросар нангу золимонаи Паҳлавӣ ва барқарории ҳокимияти Ислом дар ин сарзаминро диданд.

Раҳбари инқилоб дар табъид

 

Дар остонаи пирӯзӣ

Дар остонаи пирӯзии инқилоби исломӣ, пеш аз бозгашти имом Хумайнӣ аз Порис ба Теҳрон, Шӯрои инқилоби исломӣ бо ширкати афрод ва шахсиятҳои муборизе ҳамчун шаҳид Мутаҳҳарӣ, шаҳид Биҳиштӣ, Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва ...аз сӯи имом Хумайнӣ дар Эрон ташкил гардид. Оятуллоҳ Хоманаӣ низ ба фармони имом Хумайнӣ ба узвияти ин шӯро даромад.

Дар остонаи пирӯзӣ

 

Пас аз пирӯзӣ

Оятуллоҳ Хоманаӣ пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ низ ҳамчунон пуршӯру пурталош ба фаъолиятҳои арзишманди исломӣ ва дар ҷиҳати наздиктар шудан ба аҳдофи инқилоби исломӣ пардохтанд, ки ҳама дар навъи худ ва дар замони худ беназир ва бисёр муҳим буданд, ки дар ин мухтасар фақат ба зикри қисматҳои асосии онҳо мепардозем:

- Поягузории Ҳизби ҷумҳурии исломӣ бо ҳамкорӣ ва ҳамфикрии уламои мубориз ва ҳамразми худ дар исфанди соли 1357.

- Муовинати Вазорати дифоъ дар соли 1358.

- Сарпарастии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ – 1358.

- Имоми ҷумъаи Теҳрон – 1358.

- Намояндаи имом Хумайнӣ дар Шӯрои олии дифоъ – 1359.

- Намояндаи мардуми Теҳрон дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ – 1358.

-   Ҳузури фаъол ва мухлисона дар либоси разм дар ҷабҳаҳои Дифои муқаддас дар соли 1359, бо шуруи ҷанги таҳмилии Ироқ алайҳи Эрон ва таҷовузи артиши мутаҷовизи Саддом ба марзҳои Эрон, бо таҷҳизот ва таҳрикоти қудратҳои шайтонӣ ва бузург, азҷумла Амрико ва Шӯравии собиқ.

- Террори нофарҷоми эшон тавассути Мунофиқин дар шашуми тирмоҳи 1360 дар масҷиди Абӯзари теҳрон.

- Раёсати ҷумҳурӣ; ба дунболи шаҳодати Муҳаммадалии Раҷоӣ, дувумин раисҷумҳури Эрон, оятуллоҳ Хоманаӣ дар меҳрмоҳи 1360 бо касби беш аз шонздаҳ миллион раъйи мардумӣ ва ҳукми танфизи имом Хумайнӣ (раҳ) ба мақоми раёсати Ҷумҳурии Эрони Исломӣ баргузида шуданд. Ҳамчунин аз соли 1364 то 1368 барои дувумин бор ба ин мақом ва масъулият интихоб шуданд.

-  Раёсати Шӯрои инқилоби фарҳанг 1360.

- Раёсати Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом 1366.

- Раёсати Шӯрои бознигарии Қонуни асосӣ 1368.

 

Чигунагии интихоб ба унвони раҳбар

Интихоби раҳбари онянда баъд аз иртиҳоли имом Хумайнӣ бояд бар асоси Қонуни асосӣ тавассути аъзои хибрагони Эрон сурат мегирифт. Дар Қонуни асосии мусавваби соли 1358, дар асли панҷум омада буд: “Дар замони ғайбати ҳазрати Маҳдӣ (а.ҷ), дар Ҷумҳурии исломии Эрон вилояти амр ба имомати уммат бар уҳдаи фақеҳи одил ва ботақво, огоҳ ба замон, шуҷоъ, мудир ва мудаббир аст, ки аксарияти мардум ӯро ба раҳбарӣ шинохта ва пазируфта бошанд ва дар сурате, ки ҳеч фақеҳе дорои чунин аксарияте набошад, раҳбар ё Шӯрои раҳбарӣ, мураккаб аз фуқаҳои воҷиди шароити боло тибқи асли яксаду ҳафтум уҳдадори он мегардад.  

Ба ин тартиб, дар 14 хурдоди 1368 ҳиҷрии шамсӣ дар Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ, оятуллоҳ Хоманаӣ, раисҷумҳури вақти Эрон бо раъйи аксарияти аъзои хибрагон (ҳудуди шаст нафар аз 74 узви ҳозир) ба раҳбарии низоми исломӣ интихоб шуданд.   

Парчамдори уммати исломӣ

Байъати васеъ ва густардаи масъулони аршади низом ниҳодҳои мухталиф, байти имом Хумайнӣ, мароҷеи изоми тақлид, нухбагон, шахсиятҳои ҳавзавӣ ва донишгоҳӣ, хонаводаҳои шуҳадо ва ақшори мухталифи мардуми Эрон бо оятуллоҳ Хоманаӣ, ба ҷаҳониён собит карданд, ки Эрон бо раҳбарии оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунон парчамдори уммати исломӣ аст.  

Имом Хоманаӣ

 

Фарзанди имом Хумайнӣ (раҳ) дар бораи оятуллоҳ Хоманаӣ чӣ гуфт?

Ҳоҷи Сайид Аҳмади Хумайнӣ, фарзанди имом Хумайнӣ (раҳ), сооте пас аз интихоби ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба раҳбарӣ, бо ирсоли паёми табрикӣ ба эшон изҳор дошт: “Ҳазрати имом борҳо аз ҷанои олӣ ба унвони муҷтаҳиди муслим ва низ беҳтарин фард барои раҳбарии низоми исломиамон ном мебурданд. Ман ва тамомии аъзои байти имом аз ҳазароти оёти хибрагони муҳтарам самимона ташаккур менамоям; чаро ки муътақидам, руҳи имоми азизамон аз ин интихоб шодж ва ором шудааст. Ман бори дигар чун бародаре кучак амрҳои он валии фақеҳро бар худ лозимулиҷро медонам”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар канори имом Хумайнӣ (раҳ) ва фарзанди эшон Ҳоҷи Сайид Аҳмади Хумайнӣ

 

Идомадиҳандаи роҳи имом

Оятуллоҳ Хоманаӣ пас аз интихоб, аз имом Хумайнӣ ба унвони “Решаи шаҷараи таййибаи инқилоб” ёд карданд ва эълом намуданд: “Мо роҳи худро бар асоси роҳи имом Хумайнӣ (раҳ) идома хоҳем дод”.