Имом Хоманаӣ: Шумо эрониён ирода ва истодагии худро нишон додед
-
Имом Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ
Порс Тудей - Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёми телевизионӣ хитоб ба миллати Эрон, гуфтанд: Дар 22 баҳман бо нишон додани ирода ва истодагии худ, душманро маъюс кунед.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ, рӯзи душанбе дар паёми телевизионӣ, 22 баҳманро рӯзи рӯнамоӣ аз қудрату иззати миллати Эрон хонданд ва бо таъкид бар инки ҳузури мардум дар роҳпаймоӣ ва ибрози вафодорӣ ба Ҷумҳурии исломӣ боиси ақибнишинии душман аз тамаъварзӣ алайҳи Эрону манофеи миллӣ хоҳад шуд, гуфтанд: Дар 22 баҳман бо нишон додани ирода ва истодагии худ, душманро маъюс кунед. Матни паёми телевизионии раҳбари инқилоб ба ин шарҳ аст:
Бисмилоҳир раҳмонир раҳим
Рӯзи 22 баҳман дар ҳар сол рӯзи рӯнамоӣ аз қудрату иззати миллати Эрон аст. Миллате биҳамдулиллоҳ бо ангеза, бо ирода, собит қадам, қадрдон ва огоҳ аз масолеҳу мафосиди худ. Он рӯзе, ки 22 баҳмани аввал иттифоқ афтод, миллати Эрон як фатҳ бузург кард. Тавонист худашро ва кишварашро аз дахолати бегонагон наҷот бидиҳад. Он бегонагон дар тӯли ин солҳо ҳамеша хостаанд ду бора вазъияти собиқро баргузор кунанд.
Миллати Эрон истода. Мазҳари ин истодагӣ рӯзи 22 баҳман аст. Ин роҳпаймоӣ дар дунё беназир аст. Ҳаргиз дар ҳеҷ ҷои дунё мо суроғ надорем, ки ҳар сол баъд аз солҳои мутамодӣ рӯзи истиқлолу рӯзи миллии кишвар инҷур бо ҷамъиятҳои азим дар саросари кишвар мувоҷеҳ бишавад ва битавонанд худашонро нишони бидиҳанд. Имрӯз миллати Эрон бо роҳпаймоӣ дар хиёбонҳо худашро нишон медиҳаду касонеро, ки тамаъ дар Эрони исломӣ ва дар Ҷумҳурии исломӣ ва дар манофеи ин миллат доранд, инҳоро водор мекунад ба ақибнишинӣ.
Қудрати миллӣ беш аз онки ба мӯшаку ҳавопаймо иртибот дошта бошад, ба иродаи миллатҳо ва истодагии миллатҳо иртибот пайдо мекунад. Шумо биҳамдулиллоҳ истодагиро нишон додеду иродаи худатонро нишон додед. Дар қазоёи мухталиф боз ҳам нишон бидиҳед. Душманро маъюс кунед. То душман маъюс нашавад, дар маърази озору азият қарор мегиранд, як миллат. Бояд душманро маъюс кард.
Маъюс будани душман бо иттиҳод шумост, бо қудрати фикру иродаи шумост, бо ангезаи шумост, бо истодагӣ дар муқобили васвасаҳои душман аст. Инҳо қудрати миллиро ташкил медиҳад. Иншоаллоҳ ҷавонони мо дар майдонҳои мухталиф, дар майдони илм, дар майдони амал, дар майдони тақво ва ахлоқ, дар майдони пешрафтҳои моддӣ ва маънавӣ ҳарчӣ бештар битавонанд пеш бираванд ва иқдом кунанду ифтихор барои кишвар дуруст кунанду рӯзи 22 баҳман мазҳари ҳамаи инҳост. Дар хиёбонҳо ҳама зоҳир мешаванд ва шиор медиҳанду ҳақоиқро баён мекунанду ҳамбастагии худашонро эълом мекунанд, вафодории худашонро ба Ҷумҳурии исломии миллати Эрон эълом мекунад.
Умедворем иншоаллоҳ ин 22 баҳман ҳам мисли ҳамаи 22 баҳманҳои солҳои гузашта, шукуҳи миллати Эронро музоъаф кунад, афзӯн кунад ва миллатҳои дигарро, давлатҳо ва қудратҳо ва дигаронро дар муқобили миллати Эрон водор ба хузӯъ ва хушӯъ бикунад, ки иншоаллоҳ ҳаминҷур ҳам хоҳад шуд.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ ва баракотуҳ