Январ 06, 2024 10:33 Asia/Dushanbe
  • Иттилоияи Вазорати иттилооти Эрон дар хусуси ҷинояти террористии Кирмон; Миллияти яке аз террористҳо эълом шуд

Вазорати иттилооти Эрон дар иттилоияе дар бораи ҷинояти террористии гулзори шаҳидони Кирмон, аз шиносоии миллияти яке аз террористҳо хабар дод.

 Рӯзи чаҳоршанбе (севуми январ) дар маросими чаҳорумин солгарди сардори шаҳид, Қосими Сулаймонӣ-фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дар масири гулзори шаҳидони Кирмон, ҷануби Эрон ду амалиёти интиҳорӣ(маргталабона), ки гурӯҳаки террористии ДИИШ масъулияти онро пазируфт, дар миёни зоирони ин маросим рӯй дод, ки бар асари он 89 нафар шаҳид ва 284 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

 Дар пайи вуқӯъи ин ҷиноят ва бо дастури раисони қувои муқаннана(қонангузор), муҷрия(иҷроя) ва қазоияи Эрон, пайгири дастгирии омилон ва омирони ҷинояти террористии Кирмон дар дастури кори неруҳои амниятии Эрон қарор гирифт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии садои Хуросон , равобити умумии Вазорати иттилооти Эрон шомгоҳи ҷумъа дар иттилоияе дар хусуси ҳодисаи террористии Кирмон зимни маҳкумияти ин ҷиноят ва ибрози таасуф ва тасалияти шаҳодати ҷамъе аз шаҳрвандони эронӣ ва бо ишора ба расад ва тури иттилоотии неруҳои амниятии Эрон эълом кард: Аз ду террористи кушташудаи интиҳорӣ, як нафар миллияти тоҷикистонӣ дошта ва ҳувияти террористи дувум ҳанӯз ба сурати қатъӣ маълум нашудааст.

Дар идомаи иттилоияи равобити умумии Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба инки иқоматгоҳи мавриди истифодаи ду террорист дар атрофи шаҳри Кирмон шиносоӣ ва низ 2 унсури пуштибонӣ ва таъминкунандаи иқоматгоҳи мазкур шиносоӣ ва боздошт шуданд, омадааст: Дар идомаи амалиёт 9 нафар аз шабакаи пуштибонии тими террористӣ ва муртабитин он дар 6 устони Эрон шиносоӣ ва боздошт шуданд.

 Дар ин иттилоия бо таъкид бар инки амалиёти шиносоии муттаҳамон то боздошти охирин фарде, ки ба ҳар шакл ва ба ҳар андоза дар пуштибонӣ аз ҷинояткорони мавриди назар дахолат доштааст, истимрор(идома) хоҳад ёфт, тасреҳ шудааст: Ҳузури густурдаи миллати шарифи Эрони исломӣ дар идомаи гирдиҳамоӣҳоии бузургдошти сипаҳбуди шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва низ дар маросими ташйиъи шуҳадо ва маҳкумияти шадиди он иқдоми кӯри террористӣ, ҳамчун ҳамеша беасаркунандаи фитнаҳо ва тавтеаҳои душманон, аз ҷумла муздурони диишӣ ва диишсозони амирикоӣ ва саҳюнистӣ буда ва хоҳад буд.

 

Барчасп