Вокуниши гузоришгари вижаи Шӯрои ҳуқуқи башар ба ҷинояти террористии Кирмон
(last modified Sat, 06 Jan 2024 14:33:19 GMT )
Январ 06, 2024 19:33 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши гузоришгари вижаи Шӯрои ҳуқуқи башар ба ҷинояти террористии Кирмон

Гузоришгари вижаи Шӯрои ҳуқуқи башар дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон, бар хилофи рӯйкарди ғайриҳирфаӣ ва ҷонибдоронаи маъмули солҳои ахири худ, дар баёнияе ҳамалоти террористӣ дар Кирмонро маҳкӯм кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар пайи вуқуъи ҷинояти террористӣ дар Кирмон бо дастури раисони қувои муқаннана, муҷрия ва қазоияи Эрон, пайгирии боздошти омилону омирони ҷинояти террористии Кирмон дар дастури кори неруҳои амниятии Эрон қарор гирифту бинобар эъломи Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ду террористи маъдуми интиҳорӣ, як нафар миллияти тоҷикистонӣ дошта ва ҳувияти террористи дувум ҳануз ба сӯрати қатъӣ эҳроз нашудааст.

Асри рӯзи чаҳоршанбе (сеюми январ) дар маросими чаҳорумин солгарди сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва дар масири мунтаҳӣ ба Гулзори шуҳадои Кирмон, ҷануби Эрон, ду инфиҷори террористӣ дар миёни зоирони ин маросим рӯй дод, ки бар асари он 84 нафар шаҳид ва 284 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, ҷинояти террористии Кирмон бо вокунишу маҳкӯмиятҳои ҷаҳонӣ ҳамроҳ буд, аз ҷумла маҳкӯмияти ин ҷиноят аз сӯи Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вижаи Шӯрои ҳуқуқи башар дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон, ки ба хотири рӯйкардҳои зиддиэронӣ ва ҳузур дар нишастҳои гурӯҳҳои таҷзияталабу террористи зиддиэронӣ муттаҳам ба салоҳият надоштани як мақоми Созмони милал дар анҷоми бетарафонаи маъмуриятҳои худ аст.