Январ 07, 2024 13:46 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии тенис
    Ноибқаҳрамонии Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии тенис

Тими тениси 2 нафари Эрон ноибқаҳрамони рақобатҳои ҷаҳонии мадрон дар ҷазираи Киш шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳамидризо Нидоф ва Сомёр Илёси ҳафтаи нахуси рақобатҳои тури ҷаҳониро бо ноибқаҳрамони ба поён расонданд.

Дар дидори поёнии бахши 2 нафар тими Эрон бо натиҷаи 6-4 ва7-5 муқобили Мотёс Фула ва Гургали Модорош аз Маҷористон бозиро вогузор кард то бо касби ин натиҷа намояндаи Маҷористон дар ҷойгоҳи нахуст истад ва тими Эрон унвони ноибқаҳрамониро аз они худ кунад.

Дар бахши инфиродии ин мусобиқот низ Улг Перюдку аз Украина бо натиҷаи 2 бар ё Мотёс Фула аз Маҷористонро бурд ва ба финал расид ҳамчунин Лурензу Буки аз Италя бо натиҷаи 2 бар сифр Денис Кулок аз Русияро бурд то фардо дар дидори финал бо намояндаи Украина рақобат кунад.

Ҳафтаи нахусти рақобатҳои 15 ҳазордолларии тури ҷаҳонии тениси мардон аз 10 даймоҳ бо ҳузури намояндагони аз кишварҳои Ҳинд, Чин, Канада, Эрон, Италя, Гурҷистон, Малдави, Сурия, Чин, Русия, Аргентина, Маҷористон ва Украина дар заминҳои тениси олампики Киш баргзуор шуд ва фардо бо муъаррифии тенисвари қаҳрамон бахши инфироди ба поён мерасад. 

Барчасп