Январ 08, 2024 10:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳунарнамоии оркестери мусиқии миллии Эрон ба ёди шуҳадои ҳодисаи террористии Кирмон
    Ҳунарнамоии оркестери мусиқии миллии Эрон ба ёди шуҳадои ҳодисаи террористии Кирмон

Нахустин шаби иҷрои дубора "Ҳамроҳ бо хотираҳо" оркестери мусиқии миллии Эрон, ба раҳбарии Маҷид Интизомӣ дар толори Ваҳдати Теҳрон ба рӯи саҳна рафт ва қитае низ ба ёди шуҳадои ҳодисаи террористии Кирмон иҷро шуд

«Ҳамроҳ бо хотираҳо» шомили хотираангезтарин осори « Маҷид Интизомӣ» аст ва ба иллати истиқболи густардаи мардум то кунун чанд бор дар толори Ваҳдати Теҳрон тамдид шудааст.

Мусиқии матни филми хотирангез "Аз Кархе то Рҳеин" аз осори ба ёд мондании ин мусиқидони саршиносӣ эронӣ аст.

Дар нахустин шаби иҷрои дубора " Ҳамроҳ бо хотираҳо" қитае низ ба ёди шуҳадои ҳодисаи террористиии Кирмон иҷро шуд.

Асри рӯзи чаҳоршанбе (саввуми январ) дар маросими чаҳорумин солгарди сардор шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи пешини нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дар масири мунтаҳи ба Гулзори шуҳадои Кирмон, ҷанӯби Эрон, ду инфиҷори террористи, ки гурӯҳаки террористии ДОИШ масъулияти онро бар уҳда гирифт, дар миёни зоирони ин маросим рӯй дод, ки бар асари он, 91 нафар шаҳид аз ҷумла 22 донишомӯз ба шаҳодат расиданд.

 

Муҳаммад Хуросонизода мудири кулли ҳунарҳои таҷассумии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон бо ишора ба иҷрои дубора руйдоди " Ҳамроҳ бо хотираҳо" гуфт: Интизомӣ, устоди хотираҳои нуқоти авҷи фарҳангу ҳунар баъд аз инқилоби исломӣ аст.

Хуросонизода бо таъкид бар ин, ки дар ин рӯзҳое, ки хеле ба ваҳдат, эҷоду ҳамдили ва ҳамчунин ёдоварии хотироти муштарак ниёз аст ва корҳои  фохир Интизомӣ мисол заданӣ аст, афзӯд: Интизомӣ шӯр ва шуъур ва  шукӯҳи миллати Эронро ба тасвир мекашад ва гоҳе низ ҳамоса ва тағазулро дар ҳам меомезад.

Мудири кулли ҳунарҳои таҷассумии Вазорати фарҳанг ва иршоди Исломии Эрон тасреҳ кард: Осори Интизомӣ пайванди сеҳромезӣ аз зарфиятҳои мухталифи овоӣ мусиқи аст, шояд ин пайванди дар ҳам омехтани созҳои ҷаҳонӣ, эронӣ ва ҳатто маҳалӣ дар камтар касе дар кишвар ва ҳатто дунё дида шуда бошад.