Истиқболи Рустами Эмомалӣ дар сафар ба Теҳрон
-
Истиқболи Рустами Эмомалӣ дар сафар ба Теҳрон
Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба манзури сафари ду рӯза субҳи имрӯз вориди Теҳрон шуд.
Ба гузориш хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз Хонаи Миллат, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҷтабо Заволнур, ноибраиси Маҷлиси Шурои Исломӣ дар фурӯдгоҳ аз вай истиқбол кард.
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон баъд аз вурӯд бо ишора ба тамаддуни муштараки дукишвар гуфт: Фарҳанги муштараки порсӣ собиқаи деринаи дорад ва мо бояд инро ҳифз кунем то дигарон инро аз дасти мо хориҷ накунанд ва бояд аз ин фарҳанг сиёнат ва посдорӣ кард.
Ноибраиси Маҷлиси шӯрои исломӣ низ зимни хайрамақдам ба ҳайати Тоҷикистон хотирнишон кард: Умедворем ин сафар сароғози густариши равобити фасли ҷаддиде аз таъомулот бошад.
Вай гуфт: Теҳрон зарфияти зиёд ва ниёзҳои мутанавеъ дорад ва муштаракоти фаровонеро низ бо Тоҷикисон дорад ва таъомулоти тиҷорӣ нисбат ба дусоли гузашта беҳбӯд ёфта, аммо ҳунӯз ба ҳадди матлуб нарасидааст ва бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки дукишвар тамаддуди замини ҳам метавонанд дошта бошанд метавон умедвор буд ин мубодилот густариш ёбад.