Январ 02, 2017 20:19 Asia/Dushanbe
  • Қатъи пурраи содироти гази Туркманистон ба Эрон

Ҳукумати Туркманистон як бори дигар дар фасли сармо содироти газро ба Эрон қатъ кард.

Қатъи содироти гази Туркманистон ба Эрон, ки коршикании давлати Ашқобод дар муносибот бо Теҳрон қаламдод мешавад, дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ду рӯз пеш Теҳрону Ашқобод бар сари ихтилофҳои газӣ ба тафоҳум расида буданд.  

Иқдом ба қатъи гази Туркманистон ба Эрон пеш аз ин низ собиқа доштааст. Давлати Ашқобод дар зимистони соли 2007 низ ба иқдоми мушобеҳе даст зад. Бар асоси баёнияи Ширкати миллии гази Эрон, тай се соли гузашта маблағҳои марбут ба хариди газ ба сурати комил ба ширкати туркманӣ пардохт шудааст ва гуфтугӯҳо дар бораи "чигунагии бозпардохти қарзҳои гузашта бо ҳифзи иддаоҳои Эрон мабнӣ бар хисороти ҳаҷму сифат" низ баргузор шуд, ки дар музокироти ахир ҳам мавриди тавофуқи тарафайн қарор гирифт. Аммо ширкати "Туркмангаз" ба таври ногаҳонӣ ва хориҷ аз тавофуқи ба амаломада, ба сурати ғайримантиқӣ ва дар иқдоми муғойир бо чорчӯби қарордод, бо тарҳи ин иддао, ки бояд маблағи мавриди ихтилофро зудтар дарёфт кунад, ба қатъи гази ирсолӣ ба Эрон иқдом кардааст.

Иқдоми давлати Ашқобод дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз беҳтарин ва хушҳисобтарин харидорони гази Туркманистон аст. Хати лӯлаи интиқоли гази Туркманистон ба Эрон аз сӯйи мутахассисони Ширкати миллӣ ва нафту газ ва бо маблағи Эрон бунёд шудааст. Пеш аз ин Русия ягона харидори гази Туркманистон маҳсуб мешуд. Аммо аз соли 2009 бо такмилу баҳрабардорӣ аз ду хати лӯлаи ҷадиди содироти гази Туркманистон ба Эрон инҳисори содироти гази ин кишвар, ки пеш аз ин дар ихтиёри ширкати "Газпром"-и Русия буд, дар амал аз байн рафт. Бо содироти гази Туркманистон ба Эрон илова бар гуногун шудани содироти гази Туркманистон ин кишвар масири ҷадидеро барои касби даромад пеш гирифт, ки ин амр, дар ҳақиқат, орзуи раҳбарони Туркманистон тайи солиёни тӯлонӣ маҳсуб мешуд. Воқеият он аст, ки  бо вуҷуди эътирозҳои тарафи Туркманистон ширкати "Газпром"-и Русия ҳамвора гази аз Туркманистон харидоришударо худ нархгузорӣ мекард, дар ҳоле ки Эрон дар ин замина тобеи тавофуқҳои тарафайн будааст.

Ногуфта намонад, ки қарордодҳои хариду фурӯши гази табиӣ, назири қарордоди бистсолаи хариди гази Эрон аз Туркманистон қарордодҳои дарозмуддате ҳастанд, ки дар мавориди ихтилофи тарафайн сирфан аз тариқи муроҷиа ба довари бетараф имконпазир хоҳад буд. Ин равиш дар қонунҳо ва урфи байналмилалӣ маъмул нест, ки ҳамзамон дар авҷи ниёзи кишвари харидор ба газ фурӯшанда ба навъе бо матраҳ кардани шароити ғайримантиқӣ ва ғайриқонунӣ иқдом кунад. Теҳрон дар ҳамин росто бархе рафторҳои тарафи Туркманистонро хилофи чорчӯби қарордоду ҳамкориҳои дуҷониба, ҳусни ҳамҷворӣ ва ҳамкории ду кишвар дониста, дар амал таъкид кардааст, ки дар сурати амал накардани туркманҳо ба тааҳҳудоташон ин иқдомро далели паймоншиканӣ ва мӯҷиби лағви доимии қарордоди тиҷорати газ бо ин кишвар хоҳад донист. Бо вуҷуди шебу фарозҳои фурӯши гази Туркманистон ба Эрон, дар маҷмӯъ, бархе нозирони мустақил дахолати бархе авомили сиёсии хориҷиро низ дар ин замина нодида намегиранд.