Дипломати аршади Эрон: Таҳримҳои якҷониба мисдоқи ҷиноят алайҳи башарият аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123236-Дипломати_аршади_Эрон_Таҳримҳои_якҷониба_мисдоқи_ҷиноят_алайҳи_башарият_аст
Порс Тудей - Раиси ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти Маҷмаи кишварҳои узви Девони байналмилалии кайфарӣ дар Ҳоланд, таҳримҳои якҷонибаро мисдоқи ҷиноят алайҳи башарият тавсиф кард.
(last modified 2025-12-03T07:31:20+00:00 )
Декабр 03, 2025 12:29 Asia/Dushanbe
  • Дипломати аршади Эрон: Таҳримҳои якҷониба мисдоқи ҷиноят алайҳи башарият аст

Порс Тудей - Раиси ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти Маҷмаи кишварҳои узви Девони байналмилалии кайфарӣ дар Ҳоланд, таҳримҳои якҷонибаро мисдоқи ҷиноят алайҳи башарият тавсиф кард.

Аббоси Боқирпур, раиси ҳайати намояндагии Ҷумҳурии исломӣ ва мудири кулли ҳуқуқии байналмилалии вазорати хориҷаи Эрон, бо ишора ба осори мухарриби иқдомоти қаҳрии якҷониба ва таҳримҳо алайҳи мардуми Эрон, бавижа беморон, тасреҳ кард, ки ин иқдомот, бо таваҷҷуҳ ба паёмадҳои густарда ва ҳадафгирии мустақими зиндагӣ ва саломати мардуми одӣ, мисдоқи «ҷиноёти тамомайёр алайҳи башарият» башумор меоянд ва бояд дар чорчӯби ҳуқуқи байналмилал мавриди расидагӣ қарор гиранд.

Дипломати аршади Эрон дар табйини нигоҳи Ҷумҳурии исломӣ ба зарурати муқобила бо масӯният аз муҷозоту пайгарди муассири муртакибони ҷаддитарин ҷиноёти байналмилалӣ, ба тасвиби лоиҳаи «ҷиноёти байналмилалӣ» дар давлат ва ирсоли он ба Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ишора кард ва гуфт: Ин лоиҳа бо ҳадафи эҷоди як чорчӯби тахассусӣ барои пайгарди қонӯнии ҷинояти наслкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият, ҷиноёти ҷангӣ ва ҷинояти таҷовузи тадвин шуда ва баёнгари азми Эрон барои мушорикати созанда дар мубориза бо бекайфарӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ аст.

Аббоси Боқирпур, вазъияти кунунии низоми байналмилалро нигаронкунанда тавсиф кард ва гуфт: Як ҷонибагароӣ ва одисозии ҷиноёти ҷангӣ ва наслкушӣ бар талошҳо барои иҷрои адолат ғалаба ёфтааст.

Раиси ҳайати намояндагии Ҷумҳурии исломӣ ва мудири кулли ҳуқуқии байналмилалии вазорати хориҷаи Эрон, ҳамчунин бар зарурати истиқлол ва бетарафии Девони байналмилалии кайфарӣ, қузоту коркунони он таъкид кард ва хостори он шуд, ки онон вазоифи худро бидуни эъмоли нуфуз, фишор ё таҳдидоти хориҷӣ анҷом диҳанд.

Аббоси Боқирпур, бо таъкид бар инки таҳаққуқи адолати байналмилалии кайфарӣ ва муқобилаи муассир бо ҷиноёти ҷиддӣ танҳо дар сояи ҳамкории ҷамъӣ ва пойбандии воқеӣ ба усӯли ҳуқуқи байналмилал муяссар аст, бар зарурати талоши муштарак барои сохтани муҳити мусоид ба манзури таҳаққуқи сулҳу оромиш барои наслҳои оянда таъкид кард.

Боқирпур дар поён ёдовар шуд, ки Девони байналмилалии кайфарӣ дар чунин шароите бо озмӯни ҷиддӣ рӯбарӯ аст, ки наслҳои оянда дар бораи амалкарди он қазоват хоҳанд кард.