Садҳо нафар кушта ва бедаракшудагон дар обхезиҳои Индонезия ва Тайланд
Декабр 02, 2025 10:34 Asia/Dushanbe
Шароити бӯҳронӣ пас аз боришоти бесобиқа ва обхезӣ боиси кушта ва бедарак шудани садҳо нафар дар Индонезия ва Тайланд шудааст.
Ба гузориши сервиси байналмиллалии Садо ва Симо, аз Куала-Лумпур, обхезиҳои шадид вилоятҳои Ачеҳ, Суматраи Шимолӣ ва Ғарбӣ ва Калимантани Ҷанубиро дар Индонезия зери об гузоштаанд ва то ҳол шумораи дақиқи фавтидагон, бедаракшудагон ва захмиён маълум нест, ки танҳо дар ҷазираи Суматраи Индонезия беш аз 50 000 оила бесарпаноҳ ва беҷо мондаанд.