Январ 08, 2024 17:56 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Тероризм хатари фарогир барои ҳамаи давлатҳо ва миллатҳо аст
    Канъонӣ: Тероризм хатари фарогир барои ҳамаи давлатҳо ва миллатҳо аст

Сухангуи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба ҳамлаи террористӣ дар гулзори шуҳадои Кирмон таъкид кард тероризм хатари фарогир барои ҳамаи давлатҳо ва миллатҳо ва барои сулҳу амнияти байналмилалӣ аст.

Терруристҳои курдил 3 январи 2024 ҳамзамон бо маросими чаҳорумин солгарди шаҳодати генерал ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ дар ҷамъи зоироне ки пиёда ба самти гулзори шуҳадои Кирмон дар ҳаракат буданд инфиҷори террористӣ анҷом доданд ва занон, мардон ва ҳатто хурдсолонро ба хоку хун кашиданд.

Носири Канъонӣ сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон имруз душанбе дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорон дар хусуси ҳамлаи террористӣ дар гулзори шуҳадои Кирмон гуфт: Онҳое ки тероризмро барои пешбурд аҳдофи шувми худ мавриди истифода қарор дода ва медиҳанд бояд бидонанд ки масъӯлияти ҳуқуқи, байналмилалӣ ва инсонӣ ва ахлоқии ношӣ аз ҳимоят аз ҷараёнҳои террористи мутаваҷҷеҳ онҳо аст ва бояд посухгу бошанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Канъонӣ афзуд дар гуфтугу бо тарафҳои ғарбӣ ҳамвора ин мавзуро гушзад кардем ки тероризми хуб ва бад надорем ва таҳдид фарогираст ва амният ва сулҳу амнияти башариро мавриди таҳдид қарор медиҳад.

Ба гуфта Канъонӣ: ДИИШ ба унвони падидаи сохташудаи сервисҳои иттилоотӣ ва амниятии ғайри минтақаӣ ки худашони ҳам дар мавоқиъи нақши мустақими худро дар эҷоди ин падидаи шувм эълом ва эътироф карданд дар тули солҳои гузаштаи иқдомот террористӣ шувмиро дар сатҳи минтақа ва хориҷ аз он анҷом дода ва беш аз ҳама миллатҳои минтақаи қурбонии ин иқдомот буданд.

Сухангуи Вазорати хориҷа ҳамчунин гуфт: Решаи ноамниҳо дар минтақа ҳузури неруҳои низомии Амрико ва мудохилоти ин кишвар ва ҳимояти беқайду шарти Вашингтон аз режими ғосиб саҳюнистӣ аст.

Барчасп