Раисӣ: ДИИШ ҳамонанди саҳюнистҳо ба дунболи куштори занон ва кудакони бигуноҳ аст
(last modified Mon, 08 Jan 2024 13:44:42 GMT )
Январ 08, 2024 18:44 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: ДИИШ ҳамонанди саҳюнистҳо ба дунболи куштори занон ва кудакони бигуноҳ аст
    Раисӣ: ДИИШ ҳамонанди саҳюнистҳо ба дунболи куштори занон ва кудакони бигуноҳ аст

Раиси ҷумҳур дар дидор бо раиси маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард: Ин гуруҳи такфири ДИИШ дастпарвардаи Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳамонанди саҳюнистҳо дар Ғазза ба дунболи куштори занону кудакони бигуноҳ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сайид Иброҳими Раисӣ зуҳри имруз дар дидор бо Рустами Эмомалӣ раиси маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди густариши равобити Теҳрон-Душанбе дар 2 соли ахирро матлуб тавсиф кард ва бо баёни ин ки рушди ҳамкориҳои порлумони муҳим ва пуштвонаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аст бар тақвият ва иртиқои равобити фарҳангии ду кишвар низ таъкид кард.

Image Caption

Раиси ҷумҳур ҳамчунин мубориза бо тероризм, ҷиноятҳои созмон ёфта ва маводи мухаддиро аз илзомоти ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон унвон кард ва бо ишора ба масоили муштараки ду кишвар ба унвони ҳамсоягони Афғонистон, бар зарурати муқобилаи фаъоли ҳамаи кишварҳои минтақа бо ҷараёнҳои террористӣ аз ҷумлаи ДИИШ таъкид кард ва изҳор дошт: Ин гуруҳи такфирии дасти парвардаи Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳамонанди саҳюнистҳо дар Ғазза ба дунболи куштори занону кудакони бигуноҳ аст.

Раиси маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ишора ба афзоиши мудовими ҳаҷми тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон дар 2 соли ахир ноамнии дар минтақаро нигаронии муштараки ду кишвар ва омилии мухотираомез барои ҳамкориҳои тиҷорӣ унвон кард.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин бо эъломи ҳимояти кишвараш аз ташкили давлати мустақили фаластинӣ, ҷинояти саҳюнистҳо дар ба шаҳодати расондани беш аз 22 ҳазор ғайринизомии фаластинӣ дар Ғаззаро маҳкум кард.