Январ 09, 2024 12:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Толибон: ДИИШ душмани муштараки Эрон ва Афғонистон аст

Муовини сиёсии раиси кабинаи ҳукумати Толибон дар дидор бо сафир ва намояндаи вежаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул, гурӯҳаки террористии ДИИШ-ро душмани муштараки Афғонистон ва Эрон баршумурд.

Террористҳои курдил севуми январи 2024 ҳамзамон бо маросими чаҳорумин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд, шаҳид, ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ, дар ҷамъ зоироне, ки пиёда ба самти гулзори шуҳадои Кирмон дар ҳаракат буданд, инфиҷори террористӣ анҷом доданд ва занон, мардон ва ҳатто хурдсолонро ба хоку хун кашиданд.

 Чанд дақиқа пас аз инфиҷори нахуст, инфиҷори дувум анҷом шуд, инфиҷоре, ки ба гуфтаи масъулон дорои сочмаҳои фаровон буда ва ҳамин нукта сабаби афзоиши шумори шаҳидон шудааст.

 Дар ин ҳамлаи террористие, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти онро бар уҳда гирифт, 91 нафар шаҳид ва даҳҳо нафар дигар маҷрӯҳ шуданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Муҳаммад Абдулкабир-муовини сиёсии раиси кабинаи ҳукумати Толибони Афғонистон дар дидор бо Ҳасани Козимии Қумӣ-сафир ва намояндаи вежаи Эрон дар Кобул, бо таслияти шаҳодати даҳҳо эронӣ дар ҳамлаи террористӣ дар устони Кирмони Эрон гуфт: Ҳадафи гурӯҳаки террористии ДИИШ ба унвони душмани муштарак, ноамнсозии минтақа ва куштани афроди бегуноҳ аст.

  Абдулкабир бо қадрдонӣ аз кумак ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, Афғонистон хоҳони тавсеа ва таҳкими равобит бо Эрон ва тамоми кишварҳои ҳамсоя аст ва сиёсати Кобул равшан аст, ки ҳеҷ таҳдиде аз Афғонистон мутаваҷҷеҳи дигарон нашуд ва талош мекунад дар амният ва суботи минтақа, нақши мусбат ифо кунад.

 Муовини сиёсии раиси кабинаи ҳукумати Толибони Афғонистон ҳамчунин хотирнишон кард, ҳукумати Толибон бо пеш бурдани сиёсати иқтисодмеҳвар мехоҳад Афғонистон ба унвони маркази иттисол барои и иқтисодӣ ва тавсеаи минтақаӣ, нақши муҳими хешро ифо кунад.

  Козимии Қумӣ низ дар ин дидор гуфт: Эрон барои транзити муштараки минтақаӣ талош мекунад, то бо тақвияти иқтисоди кишварҳои минтақа ва тавсеаи тиҷорат ва бо истифода аз ин фурсат колоҳои Афғонистон ба таври мустақим ба Туркия ва бозорҳои кишварҳои аврупоӣ бирасад.

 

Барчасп