Январ 09, 2024 13:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Эрон ба Амрико дар бораи ҳар гуна иқдоми таҳрикомез дар минтақа

Сафири Эрон дар Созмони Миллал бо радди иддаоҳои Амрико ва режими Исроил дар нишасти Шӯрои Амният дар бораи дарё(баҳр)и Сурх, ба ҳар гуна иқдоми таҳрикомез ё ғайримасъулонаи Иёлоти Муттаҳида, ки мумкин аст сулҳ ва амнияти минтақаро ба хатар биандозад, ҳушдор дод.

Амрико ба унвони ҳомии аслии режими Исроил дар ҷанги кунунии алайҳи Ғазза, ки пеш аз ин муддаии ташкили эътилофи барои муқобила бо амалиёти артиши Яман дар дарёи Сурх шуда буд, чаҳоршанбеи гузашта ба ҳамроҳи 12 кишвар дигар пеш аз баргузории нишасти Шӯрои Амният дар бораи дарёи Сурх дар баёнияе иддао кард, ки ҳамлаҳои дарёи Сурх як мушкили бузурги байналмиллалӣ ва ғайри қобили қабул аст.

Крис Лу, муовини намояндагии Амрико дар Созмони Миллал дар ин нишаст бидуни ишора ба авомили воқеӣ ҳамалот дар дарёи Сурх, ин ҳамалотро ғайри қобили қабул ва поймолсозии ошкори қонунҳои байналмиллалии донист ва гуфт: Ҳамалоти яманиҳо алайҳи дарёнавардии байналмиллалӣ ба нуқтаи сарнавиштсози худ расидааст.

 Ин дипломати амрикоӣ бо такрори иддаоҳои зиддиэронӣ муддаӣ шуд: Ин ҳамалот, таҳдиди муҳимме барои амнияти дарёнавардӣ ва тиҷорати ҷаҳонӣ ҳастанд ва вазъияти инсони шиканандаи Яманро дар хатар қарор додааст.

Ӯ Ҷумҳурии Исломии Эронро муттаҳам ба ҳимоят аз Яман дар ин ҳамалот кард ва муддаӣ шуд, ки Эрон ҳимоятҳои молӣ ва силоҳӣ аз "яманиҳо" ба амал оварда, ки дар ҳамалот ба киштиҳо дар дарёи Сурх нақш дорад ва бояд ҳимоят аз яманиҳоро мутаваққиф кунад то аз идомаи ҳамалоти худ дар дарёи сурх худдорӣ кунанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирсаид Ереванӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал рӯзи душанбе дар номае ба Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Миллал ва сафири Франса дар Созмони Миллал, ки раёсати давраии Шӯрои Амниятро бар уҳда дорад, тасреҳ кард: Дар ин росто Шӯрои Амният бояд тадобири қотеъе биандешад, то режими Исроилро водор ба таваққуфи хунрезӣ, таваққуфи иқдомоти таҷовузкоронаи худ ва пойбандии устувор ба тааҳҳудоти байналамиллалии худ таҳти қонунҳои башардӯстона ва ҳуқуқи башар кунад.

 Вай бо баёни инки Ҷумҳурии Исломии Эрон иддаоҳои беасоси матраҳшуда дар ин нишастро ошкоро маҳкум ва қотеъона рад мекунад, гуфт: Ин иттиҳомот ғайри қобили исбот ва далел аст.

 

Барчасп