Ҳамдардии раиси ҷумҳурии Ирландия бо хонаводаи қурбониёни ҳамлаи террористии Кирмон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i110780-Ҳамдардии_раиси_ҷумҳурии_Ирландия_бо_хонаводаи_қурбониёни_ҳамлаи_террористии_Кирмон
Раиси ҷумҳурии Ирландия бо ҳузур дар Сафорати Эрон дар Дублин ва имзои дафтари ёдбуди қурбониёни ҳамлаи террористии Кирмон, зимни ибрози ҳамдардӣ, паёми таслияти худро изҳор дошт.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Январ 10, 2024 17:20 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Ирландия дар Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Дублин
    Раиси ҷумҳурии Ирландия дар Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Дублин

Раиси ҷумҳурии Ирландия бо ҳузур дар Сафорати Эрон дар Дублин ва имзои дафтари ёдбуди қурбониёни ҳамлаи террористии Кирмон, зимни ибрози ҳамдардӣ, паёми таслияти худро изҳор дошт.

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Дублин зимни кушоиши дафтари ёбуд барои қурбониёни ҳамлаи террористии Кирмон, эълом кард: Ин ифтихорро доштем, ки шоҳиди ҳузури Майкл Даниел Ҳиггинз, раиси ҷумҳурии Ирландия дар Сафорати Эрон барои имзои дафтари ёдбуди қурбониёни террор дар Кирмон бошем, ки дар пайи ҳамлаи террористии ғамангез кушуда шудааст.

Раиси ҷумҳурии Ирландия дар Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Дублин

 

Гуруҳи террористии ДИИШ асри рӯзи чаҳоршанбе (сеюми январ) дар маросими чаҳорумин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ва дар масири мунтаҳӣ ба Гулзори шуҳадои Кирмон, ҷануби Эрон, ду инфиҷори террористӣ дар миёни зоирони ин маросим анҷом дод, ки бар асари он 94 нафар шаҳид ва даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

То кунун бисёре аз кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ ин ҳамлаи террористиро маҳкум кардаанд.