Табрики солрӯзи валодати босаодати имом Муҳаммади Боқир (а)
(last modified Fri, 12 Jan 2024 13:47:23 GMT )
Январ 12, 2024 18:47 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи валодати имом Боқир (а)
    Солрӯзи валодати имом Боқир (а)

Шанбеи аввали моҳи раҷаби соли 1445 –и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 13 январи 2024, солрӯзи валодати босаодати имом Муҳаммади Боқир (а), пешвои мусулмонони ҷаҳон аст.

Имом Муҳаммади Боқир (а) якуми моҳи раҷаби соли 57 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон кушоданд.

Азамати имом Муҳаммади Боқир (а) забонзади хосу ом буд.

Ҳар ҷо сухан аз волоии Ҳошимиён ва Алавиёну Фотимиён ба миён меомад, эшонро ягона вориси он ҳама қадосату шуҷоат ва бузургворӣ мешинохтанд.

Кунияи имом Боқир (а) Абуҷаъфар ва маъруфтарин лақаби эшон «Боқир-ул-улум» ба маънои шикофанда улум аст. Зеро он ҳазрат (а) шикофандаи муъзалоти фикриву ҳалкунандаи масоилу печидагиҳои улум ва дар густардагии донишу маориф саромаду шахсияти мунҳасир ба фарди асри хеш буд.

Овозаи манзалати илмии имом Муҳаммади Боқир (а) ба ҳадде буд, ки ҳамаи таърихнависон, аъам аз мусулмону ғайри мусулмон дар тавсифи камолоти эшон бидуни истисно ба мақоми илмии он ҳазрат (а) ишора намудаанд.

Ҷаззобтарин чеҳраҳо ва бахшандатарин инсонҳо, бархе аз вижагиҳои ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а) аст.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи валодати имом Муҳаммади Боқир (а)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.