Июн 13, 2024 19:49 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрузи шаҳодати Имом Муҳаммади Боқир (а)

Эрони исломӣ дар солрузи шаҳодати Имом Муҳаммади Боқир (а) дар ғаму мотам аст.

Ҷумъа 25 хурдоди 1403 баробар бо 7 зилҳаҷҷаи 1445 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 14 июни 2024, солрузи шаҳодати ҳазрати Имом Муҳаммади Боқир (а)-набераи гаронқадри Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

 Лақаби ишон Боқир ё Боқирулулум (шикофндаи улум) аст.

 Ҳазрати Имом Муҳаммади Боқир (а) 19 солу  10 моҳ пас аз шаҳодати падари бузургаворшон ҳазрати Имом Зайнулобидин(а) ба анҷоми вазифаи хатири имомат пардохтанд.

 Имом Муҳаммади Боқир(а) дар даврони имомати худ аз нашр ва таблиғи фарҳанги исломӣ, таълими шогирдон, раҳбари асҳоб ва мардум, иҷро кардани суннатҳои ҷадди бузургавораш ҳазрати Муҳаммад (с) дар миёни мардум ва мутаваҷҷеҳ кардани дастгоҳи ғосиби ҳукумат ба хатти саҳеҳи раҳбарӣ, лаҳзае ғафлат накарданд.

 Имом Боқир(а) саранҷом ҳафтуми зилҳиҷҷаи соли 114 ҳиҷрии қамарӣ дар 57 солагӣ дар Мадина ба василаи Ҳишом ибни Абдулмалик,аз халифаҳои умавӣ заҳролуд ва ба шаҳодат расиданд.

 Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фаро расидани солрузи шаҳодати ҳазрати Имом Муҳаммади Боқир (а)-набераи гаронқадри Паёмбари азимушаъни Исломро ба мусулмонони ҷаҳон таслият мегӯяд.

 

 

Барчасп