Қаҳрамонии тими Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии тенниси мардон
Намояндагони тенниси Эрон дар ҳафтаи дувуми мусобиқоти ҷаҳонии 15 ҳазордолларӣ дар бахши 2 нафара қаҳрамон шуданд.
Ба гузориши ИРНА, ҳафтаи дувуми рақобатҳои 15 ҳазордолларии тури ҷаҳонии тенниси мардон бо ҳузури намояндагоне аз кишварҳои Бразилия, Белгия, Ҳинд, Чин, Канада, Эрон, Италия, Гурҷистон, Молдова, Сурия, Австрия, Русия, Аргентина, Маҷористону Украина дар ҷазираи Киш (ҷануби Эрон) дар ҳоли баргузорист.
Тури ҷаҳонии 15 ҳазордолларии пул вуруди теннисбозҳои ҷавон ба ҷамъи ҳирфаиҳо ба ҳисоб меояд.
Ин мусобиқот бидуни маҳдудият дар теъдод, ба сурати озод дар тамомии кишварҳо баргузор мешавад ва ҳар бозикун метавонад бо ширкат дар онҳо барои болои бурдани ҷойгоҳи ҷаҳонии худ, имтиёзи лозимро касб кунад.
Дар бахши 2 нафараи ин рақобатҳо намояндагони Эрон муқобили теннисбозҳои итолиёӣ бо натиҷаи 7 - 6 ва 6 - 4 пирӯз ва муваффақ ба касби қаҳрамонӣ шуданд.