Январ 13, 2024 18:52 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои таъмини ниёзи минтақа ва шимоли Африқо ба воксани HPV

Як ширкати донишбунёни эронӣ, ки муваффақ ба тавлиди воксани пешгирӣ аз саратонҳои ношӣ аз вируси папилломаи инсонӣ шудааст, аз омодагии ин ширкат барои таъмини ниёзи кишварҳои минтақа ва шимоли Африқо ба ин воксан хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, бо таваҷҷуҳ ба ниёзи густарда ба воксанҳои инсонӣ дар ҷаҳон ва маҳдӯдият дар тавлидкунандаҳои минтақа ва зарфияти тавлиди ҷаҳонӣ, тамаркузи ширкат бар тавсеаи бозори содиротии маҳсӯлот аз тариқи ахзи муҷаввизҳои байналмилалӣ бахусус муҷаввизи Созмони беҳдошти ҷаҳонии пас аз вуруд ба бозори ҳар маҳсӯл хоҳад буд.

Дониши фаннии тавлиди воксани HPV (папилломаи инсонӣ), яке аз печидатарин фанновариҳои сохти воксан дар дунё аст, ки як ширкати донишбунёни эронӣ тавониста аз сифр то 100 сохти ин воксанро бумисозӣ кунад.

Амини Қубодӣ, мудиромили як ширкати донишбунёни эронӣ, мазияти рақобатии ин воксан нисбат ба намунаҳои хориҷиро қимати поинтар дар айни кайфияти мушобеҳи он донист ва гуфт, Эрон сеюмин кишвари тавлидкунандаи ин воксан аст ва ин ҷойгоҳ, саҳми чашмгире дар бозори байналмилалӣ дорад.

Вай афзуд, пешбинӣ мешавад, бо тавлиди анбӯҳи ин воксан дар солҳои оянда, солона наздик ба 50 миллиондоллар арз ба дохил ворид шавад.

Ба гуфтаи Қубодӣ, пас аз се соли таҳқиқ ва тавсеа ва тавлиди маҳсӯл дар абъоди озмоишгоҳӣ ва нимасаноатӣ, ин маҳсӯл омодаи тавлиди анбӯҳ шуд то пас аз таъйиди корозмоии болинӣ вориди бозор шавад.

 

Барчасп