Январ 14, 2024 11:13 Asia/Dushanbe
  • Эъломи гузоришгари хушунат зидди занони Созмони Милал ба террористибудани ҳамлаи Кирмон
    Эъломи гузоришгари хушунат зидди занони Созмони Милал ба террористибудани ҳамлаи Кирмон

Гузоришгари хушунат зидди занон ва духтарони Созмони Милал дар посух ба мукотибаи дастёри раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайгирии ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоӣ ба террористибудани ҳамлаи Кирмон эълом кард.

Асри чаҳоршанбе 3 январ дар маросими чаҳорумин солгарди шаҳодати сардори шаҳид ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ дар масири мунтаҳи ба гулзори шуҳадои Кирмон дар ҷануби Эрон ду инфиҷори террористӣ дар миёни зоирон руӣ дод ки бар асрон 94 нафар аз ҷумла чанд кудак ба шаҳодати расиданд.

Рим Эсолм гузоришгари хушунат зидди занон ва духтарони Созмони Милал дар посух ба мукотиба Сакинаи Содотипод дастёри раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайгирии ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимои зимни таъкид бар террористибудани ҳамлаи Кирмон ин ҷиноятро маҳкум кард.

Дастёри раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайгирии ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоӣ бо гузоришгарон мавзуи Созмони Милал мукотиба карда ва хостори эъломи мавзеъи онҳо ва маҳкумияти иқдоми террористӣ дар солрузи шаҳодати генерал Сулаймонӣ дар Кирмон шуда буд.

Раиси кумитаи ҳуқуқи кудак, гузоришгари озодии таҷаммуъот ва иҷтимоъот, гузоришгари иртиқои воқеият ва ҳақиқат ва гузоришгари хушунати зидди занон ва духтарон аз ҷумла гузоришгарони мавзуи Созмон Милал буданд, ки дастёри раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба онҳо нома навишта буд.