Боздошти 4 омили ҳамлаи террористӣ ба шаҳристони Роски устони Систон ва Балучистон
(last modified Sun, 14 Jan 2024 12:49:01 GMT )
Январ 14, 2024 17:49 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 4 омили ҳамлаи террористӣ ба шаҳристони Роски устони Систон ва Балучистон

Фармондеҳи кулли интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз боздошти 4 омили ҳамлаи террористӣ ба шаҳристони Роск дар устони Систон ва Балучистон( ҷануби шарқи Эрон), хабар дод.

15 декабр бар асари ҳамлаи террористҳои “ҷайшулзулм” ба яке аз посгоҳҳои интизомӣ дар шаҳристони Роск , 11 маъмури фармондеҳии интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳодат расиданд.

Боздошти чаҳор омили аслии ҳамлаи террористии Роск

Сардор Аҳмадризо Родон, фармондеҳи кулли интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин гуфт, чаҳор омили аслии ҳамлаи террористии Роскро дар амалиёти ғофилгирона зинда ва солим боздошт кардем, ки мӯҷиби шок ва зарбаи равонӣ ба гурӯҳаки маонид шуд, онҳо тасаввур мекарданд, ки аз расади иттилоотии хориҷ шудаанд, ҳамчунин теъдоде силоҳу таҷҳизот барои иҷрои террор ва маболиғи арз аз ҷинояткорон кашф ва забт гардид.