Январ 20, 2024 10:25 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футболи Эрон дар дувумин дидор дар Ҷоми миллатҳои Осиё баробари Гонконг ба пирӯзӣ расид
    Тими миллии футболи Эрон дар дувумин дидор дар Ҷоми миллатҳои Осиё баробари Гонконг ба пирӯзӣ расид

Тими миллии футболи Эрон дар дувумин дидор дар Ҷоми миллатҳои Осиё баробари Гонконг ба пирӯзӣ расид ва роҳии марҳалаи ҳаштякниҳоии ҷом шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, тими миллии футболи Эрон дар дувумин дидори ин тим дар Ҷоми миллатҳои Осиё ва аз рақобатҳои гурӯҳи С, бо қазовати Ҳанно Ҳаттоб аз Сурия ва дар варзишгоҳи Халифа ба масофи тими миллии Гонконг рафт, ки бо натиҷаи як бар сифр ба бартарӣ расид.

 Дар поёни бозиҳои даври дувум дар ин гурӯҳ,  тими миллии Эрон бо 6 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад, Аморот бо 4 имтиёз дар раддаи дувум истод ва Фаластин бо як имтиёз ва Гонконг бидуни имтиёз дар радаҳои севум ва чаҳорум ҳастанд.

 Дар бозиҳои поёнии даври гурӯҳӣ, тими Эрон сешанбе 23 январ баробари Аморот бозӣ мекунад ва Фаластин ва Гонконг низ ба масофи ҳам мераванд.

 

Барчасп