Осори "шукуҳи Эрони бостон" пас аз Пекан ба Шанхай меравад
(last modified Sun, 21 Jan 2024 08:49:35 GMT )
Январ 21, 2024 13:49 Asia/Dushanbe
  • Осори \\\
    Осори \\\"шукуҳи Эрони бостон\\\" пас аз Пекан ба Шанхай меравад

Қоимақоми вазири мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон бо аз баргузарии намоишгоҳи "шукуҳи Эрони бостон" пас аз Пекан дар Шанхай хабар дод.

Намоишгоҳи "шукуҳ Эрони бостон" шомили 211 қалам аз ашёъи торихӣ ва 5 ашёҳои бозофарини шудаи мулож аз осори давраи оҳан то давраи сафави 11 январ бо ҳузури Алии Доробӣ қоими мақоми вазири мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон ва ҷамъӣ аз сафирон ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷии мустақар дар Чин мақомот ва мудирони мероси фарҳангӣ ва музеҳои Чин дар кохи музеи Пекан ифтитоҳ шуд.

Кохи музеи Пекан ки ба шаҳри мамнуъа шуҳрат дорад ба муддати 3 моҳ аз осори бо шукуҳи эронӣ ки беш аз 3 ҳазор сол фарҳангу ҳунари Эронро ба намоиш мегузорад мизбонӣ мекунад.

Қарор аст пас аз шаҳри мамнуъа намошгоҳи шукуҳи Эрони бостон дар шаҳрҳо ва музейҳои дигари Чин низ ба намоиш гузошта шавад.

Алии Доробӣ қоимақоми вазири мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон дар гуфтугу бо ИРНА дар бораи аҳамияти намоишгоҳи "шукуҳи Эрони бостон" дар Чин гуфт: Дар оӣни ифтитоҳияи намоишгоҳи Эрони илова бар сафирони Эрон ва Чин 9 сафир ва 15 намояндагӣ аз кишварҳои мухталиф дар ин кишвар ҳузур доштанд, ки ба гуфта масъулони кохи музеии Пекан ин сатҳи ҳузури сафирони кишварҳо дар намоишгоҳҳои хориҷӣ кам назир будааст.

Доробӣ афзуд: Истиқбол аз намоишгоҳ ба ҳадди буд ки фақат баъд аз гузашти як руз аз ифтитоҳ билети боздид аз кохи музеии шаҳри мамнуъа то ду ҳафтаи ояндаи он пеш фуруш шуд ва ин дар ҳоле аст ки рузона ҳаддиақал 50 ҳизор нафар метавонанд аз ин музей боздид кунанд.

Қоимақоми вазири мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон дар бораи интихоби 216 асар ва ашёҳои торихӣ барои ироа дар намоишгоҳи шукуҳи Эрони бостон таъкид кард: Ин осор аз 3 ҳазор соли пеш то давраи қоҷорияро дар бар мегирад ва тавассути музеи миллӣ ба гунае анҷом шуд ки мутаносиб бо зоиқаи фарҳангӣ ва салиқаи мухотабони кишвар Чин бошад .