Январ 22, 2024 10:33 Asia/Dushanbe
  • Шодбоши солрӯзи мелоди Имом Муҳаммадтақӣ ( а)
    Шодбоши солрӯзи мелоди Имом Муҳаммадтақӣ ( а)

Имрӯз душанбе даҳуми раҷаби 1445 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 22 январи 2024 ، солрӯзи валодати бо саодати Имом Муҳаммадтақӣ ( а) аз наводагони паёмбари гиромии ислом аст .

Имом Муҳаммадтақӣ ( а ) даҳуми раҷаби соли 195 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина ба дунё омаданд ва пас аз шаҳодати падари бузургворашони Имом Ризо ( а ) ӯҳдадори масъулияти раҳбарии мусулмонон шуданд .

Лақаби мубораки Имоми Муҳаммадтақӣ ( а ), Ҷавод Ал-Аъима аст.  Ҷуд бахшиш ва саховатмандии фавқулодаи Имом, омили иштиҳори он ҳазрат ба Ҷавод бӯдааст.

Эмоми Ризо ( а ) дар бораи манзалати фарзандашон Имоми Ҷавод ( а ) фармӯданд : « Ман дорои писари шудаам, ки ҳамчун Мӯсо ( а ) шикофандаи дарёҳои илмаст . »

Имоми Ҷавод ( а ) дар сини ҳашт солагӣ ба имомати расиданд ва  ҳабдаҳ сол даврони имоматии ҳазрат бӯдааст ; яъне Ишон даврони имоматашонро аз кӯдакӣ то ҷавонӣ гузарондаанд .

Ишон дар сини 25 солагӣ дар роҳи таҳаққуқи бахшидан ба ормонҳои муқаддаси ислом ва  аҷдоди тоҳринашон ، дар соли 220 қ . тавассути Муътасим Аббосӣ масмӯм шуданд ва сипас ҷон ба ҷонофарин тақдим карданд .

Мазори Ишон дар шаҳри Козимайни Ироқ ва дар ҷавори падарбузурги мутаҳҳарашон ҳазрати Имом Мӯсои Козим ( а ) ҳар сола мизбони мусулмонони зиёдӣ аст .

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фарорсидани солрӯзи вилодати Имоми Муҳаммадтақӣ ( а )-ро ба ҳамаи мусулмонон ва  дигари озодихоҳони ҷаҳон шодбош мегӯяд .