Афзоиши қудрати паҳподии Эрон / тасвирҳо
Анбӯҳе аз паҳподҳои роҳбурдии тарроҳӣ ва тавлидшуда тавассути Вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон бо ҳамкории артиш,бо ҳузури фармондеҳи кулли артиш ва вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳ дар чанд нуқта аз Эрон ба созмони разми артиш супурда шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин маросим пҳподҳои роҳбурдии чандманзураи Абобил4, Абобил 5 бо қобилияти иҷрои анвоъ маъмуриятҳои шиносоӣ, муроқибат, ҷанги электронӣ, ҷамъоварии иттилооти сигналӣ, размӣ, ҳамчунин паҳподҳои Ораш ва Бовар бо қобилияти иҷрои маъмурияти нобудсозии дурбурд ва нуқтазан ва низ паҳподи ҷити Каррор бо қобилияти иҷрои анвоъи маъмуриятҳои ҳадаф, размӣ ва раҳгирии ҳавоӣ ба созмони разми артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон супурда шуд.
Ин паҳподҳо ба сомонаҳои худҳифозатӣ ва зиддиҷангол, новбарии чандгонаи бумӣ ва таслиҳоти ҳушманди нуқтазан таҷҳиз шуда ва дорои қобилияти вежа ва рӯзомад дар баҳрагирии таркибӣ бо дигар сомонаҳои силоҳ ва амалиёти шабакамеҳвар ҳастанд.
Сарлашкар Мусавӣ-фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баён инки ҳузури паҳпод дар ҳама ҷаҳон, тавони разми вежае ба неруҳои мусаллаҳ афзудааст, гуфт: Имрӯз дар ҳавзаи паҳпод ҳама мавридҳо аз ҳавзаи тарроҳӣ то ба коргирӣ дар муқобили таҳдидҳо, ба тавон дохилӣ ва дониши донишмандони ҷавони эронӣ такия мекунем.
Ҷумҳурии Исломии Эрон алорағми таҳримҳои золимонаи Амрико ва муттаҳидонаш ҳудуди чаҳор даҳа аст, ки бо баҳрагирӣ аз тавони илмӣ ва фаннии мутахассисони ҷавони худ тавониста ба муваффақиятҳои бузурге дар заминаи тавлиди барузтарин паҳподҳои шиносоӣ, размӣ, таҳқиқотӣ ва саноъатӣ даст ёбд.
Бар асоси гузориши соли гузаштаи Ожонси иттилооти дифоъии Амрико, Эрон дар соли 2022 дорои бузургтарин маркази мушакӣ ва паҳподӣ дар ғарби Осиё будааст.