Солрӯзи валодати имом Алӣ (а) муборак бод!
Фардо – панҷшанбе, сездаҳуми раҷаби соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 25 январи 2024, солрӯзи мелоди пешвои парҳезкорон - ҳазрати Алӣ (а) аст.
Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (а) дар сездаҳуми моҳи раҷаб мутаваллид шуд, дар ҳоле ки девори хонаи Каъба ба рӯи модарашон Фотима бинти Асад шикофт ва он бонӯи бузургвор барои таваллуди фарзандаш меҳмони хонаи Каъба шуд ва ин фазилате аст, ки на пеш аз Алӣ (а) ва на пас аз ӯ ба ҳеҷ кас дода нашудааст.
Имом Алӣ (а) аз даврони кӯдакиву навҷавонӣ дар канори паёмбари бузурги Худо - ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) рушду парвариш ёфтанд ва аз тарбияти илоҳии эшон баҳраманд шуданд.
Эшон нахустин марде буданд, ки ба расули Худо (с) имон оварданд ва дар ҳамаи мароҳили таблиғу тарвиҷи дини мубини Ислом, аслитарин ёвари ҳазрати Муҳаммад (с) ба шумор мерафтанд ва дар ин роҳ рашодатҳо ва аз ҷон гузаштагиҳои бисёре аз худ нишон доданд.
Имом Алӣ (а) дар даврони сисолаи имомат ва низ чаҳор солу нуҳ моҳи хилофат бар ҷомеаи мусулмонон усваи беҳамтои адолат, меъёри ҳақ ва ойинаи тамомнамои сираву суннати расули Худо (с) буданд.
Дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон солрӯзи валодати имом Алӣ (а) “Рӯзи Падар” номгузорӣ шудааст ва ба ин муносибат саросари Эрони исломӣ шодмонӣ ва сурур аст.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон низ фаро расидани солрӯзи валодати Шери Худо ва пешвои покону адолатхоҳони ҷаҳон - ҳазрати имом Алӣ (а) - ро ба ҳамаи мусулмонону дӯстдорони он ҳазрат табрик мегӯяд.