Январ 25, 2024 18:30 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Ҳеҷ монеъе дар масири тавсеаи равобити Эрон ва Нигер вуҷуд надорад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баён инки ҳеҷ монеъе дар масири тавсеаи равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Нигер вуҷуд надорад, бар омодагии Теҳрон барои табодули зарфиятҳо дар бахшҳои мухталиф ба вежа энергия, саноъат, маъдан ва судури хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ таъкид кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчуби таомули созанда бо ҷаҳон, фақат нигоҳи якҷониба он ҳам ба кишварҳои аврупоӣ надорад ва қитъаҳои Африқо ва Осиё мавриди таъкиди низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

 Бозори густурдаи Африқо заминаи муносибе барои фурӯши колоҳои эронӣ аст ва дар чунин шароите ин қитъа дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷойгоҳи вежае дорад.

 Сайид Иброҳим Раисӣ-раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар дидори Алӣ Ломин Зин-нахуствазири Нигер, равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Нигер ва умуми кишварҳои африқоиро варои равобити сиёсӣ ва дипломатӣ ва устувор бар алоқаи қалбӣ миён миллатҳо унвон кард ва бо тамҷид аз гомҳои баланди миллати Нигер дар масири истиқлолталабӣ ва озодихоҳӣ гуфт: Қатъан миллати мусулмони Нигер бо чунин рӯҳияе ва бо такя бар доштаҳои худ ояндаи бисёр равшан хоҳанд дошт.

 Раисӣ дар идома бо ишора ба корномаи сиёҳи Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар ғорати манобеъ ва сарвати миллатҳо дар пӯшиши шиорҳои ҳуқуқи башарӣ ва эҷоди амният гуфт: Вазъияти имрӯзи Ғазза ва ончи бар мардуми мазлуми ин минтақа мегузарад, ифшокунандаи моҳияти аслии ин кишварҳои муддаӣ аст ва нишон медиҳад, ки ҷони инсонҳо ҳеҷ арзише барои онҳо надорад ва ин шиорҳоро сирфан барои манофеъи худ ба кор мебаранд.

Алӣ Ломин Зин-нахуствазири Нигер низ дар ин дидор бо таъкид бар аҳамияти нақш ва ҷойгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муодилоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ "мабонии муштараки динӣ", "истиқлолталабӣ" ва "ҳақхоҳи"-ро аз ҷумлаи нуқоти иштироки миёни ду миллати Эрон ва Нигер баршумурд ва гуфт: Ин иштирокот мӯҷиб шудааст, ки Нигер Ҷумҳурии Исломии Эронро дӯст ва шарики мутмаин ва қобили иттико барои худ дар ҷаҳон бидонад.

 Нахуствазири Нигер дар идома бо табйини вазъияти дохилӣ ва равобити хориҷии кишвараш, бар алоқамандии Нигер барои тавсеа ва таъмиқи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои мухталиф таъкид кард.

 

Барчасп