Бекорсозии раводид байни Эрон ва Тоҷикистон ба зудӣ амалӣ мешавад
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар дидор бо раиси гурӯҳи дӯстии парлумони ду кишвар унвон кард: Дар ояндаи наздик иҷрои низоми лағв(бекорсози)и раводиди байни ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг барқарор хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон имрӯз панҷшанбе 25 январ бо ҳузур дар Маҷлиси Намояндагони ин кишвар бо Файзуллоҳ Баротзода,раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии ду кишвар мулоқот ва гуфтугӯ кард.
Вай дар ин дидор бо ишора ба раванди ҷории тавсеаи ҳамаҷонибаи муносиботи байни ду кишвар, нақши ҳамкориҳои парлумонӣ бавежа гурӯҳҳои дӯстии парлумониро дар густариш ва таҳкими равобит муҳим арзёбӣ кард.
Сафири Эрон бо ишора ба имзои санади лағви раводид байни ду кишвар дар сафари ахири оятуллоҳ Раисӣ ба Тоҷикистон тасреҳ кард :Дар ояндаи наздик иҷрои низоми лағви раводид байни ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг барқарор хоҳад шуд.
Баротзода мавзӯъи лағв раводидро ҷиҳати афзоиши тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ байни шаҳрвандони ду кишвар дорои аҳамият донист ва бар омодагии маҷлиси Тоҷикистон барои заминасозии ҳуқуқӣ ба манзури густариши бештари ҳамкориҳо таъкид кард.