Бозгашти сафирони Эрон ва Покистон ба Исломобод ва Теҳрон
Мудири кулли Осиёи ҷанубии Вазораит умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз бозгашти сафирони Эрон ва Покистон ба маҳалли маъмурияти худашон хабар дод.
Баъд аз ҳамлаи ахири Эрон ба мақари террористҳо дар Покистон ва мутақобилан ҳамлаи Покистон ба як нуқтаи марзӣ дар Эрон, ки ба гуфтаи давлати ин кишвар маҳалли иқомати террористҳои Покистони будааст, сояе аз норушанӣ бар равобити деринаи Эрон ва Покистон афканда шуда буд, аммо мақомоти ду кишвар бар зарурати ҷилавгирӣ аз ташдиди танишҳо таъкид карданд ва сипас Исломобод аз тавофуқ бо Теҳрон дар бораи коҳиши таниш дар равобити дуҷониба хабар дод.
Дар пайи ин таҳаррукот сафири Эрон, ки дар Эрон ҳузур дошт ба Покистон бознагашт ва сафири Покистон ҳам ба Исломобод фаро хонда шуда буд.
Ба дунболи он вазоратҳои умур хориҷаи Эрон ва Покистон бо судури баёнияи муштарак эълом карданд ду тараф тавофуқ карданд, ки сафирони ду кишвар то 26 январ 2024 ба маҳалли кори хеш бозгарданд.
Дар ҳамин росто ва ба гузориши ИРНА,Сайидрасули Мусавӣ-мудири кулли Осиёи ҷанубии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар сафҳаи шахиие худ дар шабакаи иҷтимоии Х бо интишори тасвире аз дидор бо Муҳаммад Муддасир Типу-сафири Покистон дар Теҳрон навишт: Мардум ва мақомоти ҳар ду кишвар аз бозгашти равобит ба шароити хуби ҳамешагӣ хушҳоланд, дар шароити кунунӣ масъулияти расонаҳои ҷамъии ҳар ду кишвар барои таҳкими дӯстӣ ва бародарӣ хеле сангин аст.»
Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Муддасир Типу соъоте қабл ҳамзамон бо азимат ба Теҳрон барои азсаргирии маъмурияти дипломатии худ гуфт: Акнун замони варақ задани барги ҷадид дар равобити дуҷониба оғоз шудааст.
Сафири Покистон дар Теҳрон афзуд: Эрон ва Покистони қавӣ барои минтақа ва тарвиҷи равобити таърихӣ ва мардумӣ бисёр муҳим ҳастанд.
Вазорати умури хориҷа Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Покистон душанбеи гузашта дар баёнияи муштарак зимни эъломи бозгашти сафирони ду кишвар ба маҳалли маъмурияти худ афзуданд, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон ба даъвати ҳамтои покистонии худ рӯзи душанбе 29 январ (9 баҳман) ба Исломобод сафар мекунад