Январ 27, 2024 18:18 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Бунёни режими саҳюнистӣ бар хушунат ва табъиз аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Вокуниши душманонаи режими саҳюнистӣ ба ҳукми Девони байналмилали додгустарӣ нишон дод, ки пояи ин режим бар хушунат ва табъиз аст ва аҳаммияте меъёрҳо ва муқарароти ҳуқуқи байналмилалӣ намедиҳад.

Носири Канъонӣ рӯзи шанбе дар сафҳаи шахсии худ дар вокуниш ба ҳукми Девони байналмилали додгустарӣ дар бораи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза навишт: "Ҳарчанд ин ҳукм дер, аммо гувоҳӣ бар ин аст, ки ончӣ дар Ғазза рух медиҳад, намунаи ҷиноёти байналмилалӣ, аз ҷумла наслкушӣ аст, ки бо ҳимояти номаҳдуди давлати Амрико аз режими саҳюнистӣ иртикоб ёфта ва ҳамчунон идома дорад.

Вай афзуд, аз сӯи дигар қарори муваққати Девони байналмилали додгустарӣ ва навъи бархӯрди давлати Амрико нишон медиҳад, ки Вашингтон аз созу корҳои қазоии байналмилалӣ истифода кардааст.

Канъонӣ ишора кард, ҷаҳон ҳоло бо ин суоле рӯбарӯ шудааст, ки созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ, ки сулҳу амнияти байналмилалиро ҳифз мекунанд, ба чӣ иҷозаи дигаре ниёз доранд, то режими саҳюнистӣ ба қатъи наслкушӣ водор шаванд?

Режими саҳюнистӣ аз 7 октябри соли 2023 ба ҳамлаҳои густардаи Навори Ғазза, ки беш аз 26 000 фаластиниро кушта ва беш аз 64 000 нафари дигарро захмӣ кардааст, бо вуҷуди мухолифат ва маҳкумияти байналмилалӣ ин ҳамалот идома дорад.

 

Барчасп