Навохта шудани занги инқилоби исломӣ дар мадориси саросари Эрон
Дар остонаи даҳаи мубораки Фаҷр ва чиҳилупанҷумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ, субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) занги инқилоби исломӣ ба сурати ҳамзамон дар мадориси саросари Эрон ба садо даромад.
Ин маросим имсол ба далели тақоруни 12 баҳман бо рӯзи панҷшанбе, ки мадорис таътил аст, як рӯз пеш аз солрӯзи вуруди таърихии имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон ва пеш аз оғози даҳаи мубораки Фаҷр баргузор шуд.
Фардо (панҷшанбе) - 12 баҳмани 1402 –и ҳиҷрии шамсӣ, баробар бо якуми феврали 2024, оғози даҳаи мубораки Фаҷри инқилоби исломии Эрон аст.
45 соли пеш дар чунин рӯзе, дувоздаҳуми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (якуми феврали 1979) ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз понздаҳ соли дуриву табъид аз ватан, дар миёни истиқболи пуршӯри мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.
Пас аз гузашти даҳ рӯз аз вуруди эшон ба Эрон, дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357, (11 феврали соли 1979) инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.
Ба ҳамин далел, аз рӯзи дувоздаҳуми баҳман, яъне рӯзи вуруди имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон то бистудувуми баҳман, ки рӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ аст, "Даҳаи Фаҷр" номгузорӣ шудааст ва ҳар сол ҷашнҳову маросими вижаи пирӯзии инқилоби исломӣ дар ин айём баргузор мешавад.
Ризомурод Саҳроӣ, вазири омӯзишу парвариши Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз дар ойини навохта шудани занги инқилоби исломӣ гуфт: Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон ҳангоми вуруд ба Эрон, вориди мадрасаи Рифоҳ (Бунёди фарҳангии Рифоҳ) дар Теҳрон шуданду Шӯрои инқилоб даруни мадраса ташкил шуд ва пас аз он ба мадрасаи Алавӣ рафтанд.
Ризомурод Саҳроӣ хитоб ба донишомӯзон гуфт: Пешрафтҳои Эрон нисбат ба гузашта ҳайратовар аст, дар гузашта аз ҳар ду нафар як нафар бесавод буду имрӯз савод ба ҳадде расида, ки ғайриқобили муқоиса бо гузашта аст.