Рӯнамоӣ аз бузургтарин морганити гулоби ҷаҳон дар Эрон
-
Морганит (Morganite) номи гавҳаре бо ранги гулоб то норанҷӣ аст
Бузургтарин морганит ё зумурради гулоби ҷаҳон ба номи “Хуршеди Худо (Sun God) ба вазни 883 қирот, дорои шиносномаи байналмилалии GIA (Муассисаи гавҳаршиносии Амрико) дар Эрон рӯнамоӣ шуд.
Морганит (Morganite) номи гавҳаре бо ранги гулоб то норанҷӣ аст, ки аз соли 2010 ба мизони қобили таваҷҷуҳе маҳбубият ёфтааст. Ин санг навъе брил, кони маъдании силикоти алюминии брилиюм бо давоми боло аст.
Морганит бо ранги суратӣ - норанҷӣ аз анвои дигар брил фарқкунанда мешавад. Баъд аз “сафоир” (ёқут-сапфир), морганит дуюмин гавҳари маҳбуби рангӣ аст, ки имрӯза ба унвони санги марказӣ дар ҳалқаҳои номзадӣ истифода мешавад.
Музеи шаҳобсанги Эрон, воқеъ дар маҷмӯаи фарҳангӣ - ҳунарии бурҷи Озодии Теҳрон рӯзи гузашта (сешанбе) мизбони ойини рӯнамоӣ аз ду қитъаи арзишманди шаҳобсанги миррихӣ ва ҳамчунин бузургтарин морганити гулоби ҷаҳон ба номи “Хуршеди Худо” (Sun God) ба вазни 883 қирот, дорои шиносномаи муътабари байналмилалии GIA (Муассисаи гавҳаршиносии Амрико) ва камёбтарин санги ҷавоҳири ҷаҳон бо номи Александрит бо ҳузури ҷамъе аз аҳолии илму фарҳанг буд.
Ба гузориши ИРНА, Ҳуҷҷати Камолӣ, мудири музеи шаҳобсанги Эрон дар иртибот бо бузургтарин морганити гулоби ҷаҳон гуфт, намунаи бузурги ин ҷавоҳир пеш аз ин ба вазни 580 қирот, мутаъаллиқ ба маликаи Британия буд, ки тақрибан 300 қирот хурдтар аз ин намуна аст.
Камолӣ ҳамчунин гуфт, маҳбубтарин навъи санги Александрит, навъи бразилии он аст, ки аз маодини воқеъ дар Бразилия истихроҷ мешавад.
Ӯ афзуд, ба таври маъмул санги Александрит дар андозаҳои зери се қирот мавҷуд аст ва намунаҳои болои се қирот бисёр камёб ҳастанд. Бузургтарин санги буришхӯрдаи Александрит дар Муассисаи Смитсонин (Smithsonian Institution Offices) воқеъ дар Вашингтон, бо вазни 65. 7 қирот нигаҳдорӣ мешавад.