Даҳаи Фаҷри инқилоби исломии Эрон муборак бод!
(last modified Wed, 31 Jan 2024 15:47:53 GMT )
Январ 31, 2024 20:47 Asia/Dushanbe
  • 12 баҳман бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон, пас аз понздаҳ соли дуриву табъид қадам ба хоки Эрон гузоштанд
    12 баҳман бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон, пас аз понздаҳ соли дуриву табъид қадам ба хоки Эрон гузоштанд

Панҷшанбе - 12 баҳмани 1402 –и ҳиҷрии шамсӣ, баробар бо якуми феврали 2024, оғози даҳаи мубораки Фаҷри инқилоби исломии Эрон аст.

Дар дувоздаҳуми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (якуми феврали 1979) ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон, пас аз понздаҳ соли дуриву табъид аз ватан, дар соати 9: 33 дақиқаи субҳ дар миёни истиқболи пуршӯри мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.

Пас аз гузашти даҳ рӯз аз вуруди эшон ба Эрон, дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 (11 феврали соли 1979) инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.

Ба ҳамин далел, аз рӯзи дувоздаҳуми баҳман, яъне рӯзи вуруди имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон то бистудувуми баҳман, ки рӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ аст, Даҳаи Фаҷр номгузорӣ шудааст ва ҳар сол ҷашнҳову маросими вижаи пирӯзии инқилоби исломӣ дар ин айём баргузор мешавад.