Феврал 01, 2024 10:37 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистон дар бораи Ғазза
    Гуфтугӯи вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистон дар бораи Ғазза

Вазирони хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саъудӣ дирӯз чаҳоршанбе телефонӣ дар бориа таҳаввулоти Ғазза гуфтугӯ карданд .

Ба гузориши хабаргузории Тасним , " Ҳусайн Амирабдуллоҳён " вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва " файсали бен фараҳон " вазири хориҷаи Арабистон дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ибрози нигарони нисбат ба истимрори ҷиноёти режими саҳюнисти алайҳи мардуми мазлӯми Фаластин бар лузӯми поёни ҷиноёти режими саҳюнистӣ , лағви муҳосираи инсонӣ ва  бозгашти оромиш ба минтақа таъкид карданд .

Дар ин гуфтугӯ бархе мавзӯъоти дуҷониба ва  заминаҳои ҳамкории муштараки ду кишвар ва  мабоҳиси минтақаӣ низ мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт ва  тарафайн бо ибрози ризоят аз раванди муносиботи дуҷониба бар тавсеа ва  таъмиқи ҳамкориҳои Эрон ва  Арабистон дар мавзӯъоти мавриди алоқа таъкид намуданд .

Ҳамчунин мавзӯъи барқарории парвозҳои Ҳаҷи умра ва  сафари ҳайати фаннии Арабистон ба Эрони мавриди баррасӣ қарор гирифт ва  Амирабдуллоҳёни тасреъ дар оғози амалиёти умраро мавриди таъкид қарор дод .

Дар ҳамин ҳол ; вазири хориҷаи Эрон аз ҳамтои худ барои сафар ба Теҳрон даъват кард. .