Азми ҷиддии Эрону Покистон барои муқобила бо терроризм
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон, аз азми ҷиддии Теҳрону Исломобод барои муқобила бо таҳдидоти терроризм ба унвони чолиши муштараки ду кишвари ҳамсоя хабар дод.
Равобити Эрону Покистон умре ба дарозои таърихи истиқлоли Покистон дорад ва дар солҳои ахир равобити Теҳрон - Исломобод дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ, амниятӣ ва мубориза бо терроризм рӯ ба рушд будааст.
Покистон бо беш аз 900 километр марзи хушкӣ, пас аз Ироқ дорои тӯлонитарин марзи муштарак бо Эрон аст.
Ба гузориши ИРНА, Мумтоз Заҳро Балӯч, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон рӯзи панҷшанбе дар нишаст бо хабарнигорон дар Исломобод бо ибрози итминон аз дастовардҳои сафари ахири Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа ва ҳайати олирутбаи Эрон ба Покистон таъкид кард, тавофуқи ду кишвар барои интисоби мутақобили афсарони робити низомӣ дар Эрону Покистон, иқдоме муассир барои пардохтан ба нигарониҳои муштараку гоме ҳамоҳанг зидди ҳаргуна таҳдид хоҳад буд.
Мумтоз Заҳро афзуд, сафари Амирабдуллоҳиён ба Исломобод бисёр муҳиму баёнгари иродаи қавии ду кишвари ҳамсоя барои кори ҷамъӣ ва ҳамоҳангу пардохтан ба чолишҳои муштарак ба вижа таҳдиди муштараки ношӣ аз терроризм буд.
Вай бо эъломи инки Эрон кишвари ҳамсоя ва дӯсти Покистон аст, тасреҳ кард, мақомоти ду кишвар ҳамвора бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи мухталиф таъкид кардаанд.
Мумтоз Заҳро ҳамчунин тадовуми ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди мардуми Фаластинро маҳкӯм ва иҷрои фаврии ҳукми Девони байналмилалии додгустарӣ барои таъмини амнияти Ғазза ва таваққуфи ҳамалоти ин режими зидди фаластиниёни бедифоро хостор шуд.
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён пас аз бозгашти сафари ахир ба Покистон, дирӯз гуфт, тавсеаи бозорчаҳо ва мубодилоти иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Покистон барои Теҳрон муҳим буда ва рӯйкарди асосӣ ин аст, марзҳое, ки солҳо террористҳо дар он мустақар буданд ба марзҳои иқтисодӣ ва сулҳу дӯстӣ табдил шавад.
Вазири умури хориҷаи Эрон душанбе (29 январ) бо сафар ба Исломобод бо вазири умури хориҷа, фармондеҳи артиш ва нахуствазири Покистон дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар кард.