Таъйиди тасмими довари эронӣ дар мусобиқоти футболи Ҷоми миллатҳои Осиё
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) бо интишори баёнияе тасмими Алиризо Фағонӣ, довари эронӣ дар дидори тимҳои миллии футболи Ироқу Урдунро таъйид кард.
Ба гузориши рӯзи ҷумъаи Ирна, Алиризо Фағонӣ, довари эронӣ 29 январ дар дидори тимҳои миллии Ироқу Урдун дар марҳалаи якҳаштуми ниҳоии ҳаждаҳумин давраи Ҷоми миллатҳои Осиё дар Қатар, пас аз шодии голи Эман Ҳусайн, муҳоҷими Ироқ, корти зарди дувумро ба ин бозикун нишон доду ӯро ихроҷ кард.
Пас аз ин тасмим, Ироқ дар ҳоле ки ду бар як аз Урдун пеш буд, дар дақоиқи поёнӣ бо дарёфти ду голи паёпай, бозиро вогузор карду ҳазф шуд.
Бо итмоми бозӣ, сармураббӣ ва чанд бозикуни Ироқ бар алайҳи тасмими Фағонӣ мусоҳибаҳоеро анҷом доданду ҳаводорони тими миллии Ироқ низ илова бар юриш ба сафҳаи маҷозии шахсии Алиризо Фағонӣ, борҳо интиқодоти шадидеро алайҳи вай матраҳ карданд.
Дар ин росто, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дишаб - панҷшанбе бо интишори баёнияе тасмими Алиризо Фағонӣ дар хусуси ихтори дувум ба Эман Ҳусайнро таъйид кард.